Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии тими таеквондои Тоҷикистон дар Қирғизистон


Дастаи мунтахаби таэквондои Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалӣ дар шаҳри Бишкек соҳиби 11 медал, аз ҷумла 4 медали тилло гардид. Мирсаид Яҳёев, раиси Федератсияи таэквондо (ИТФ)-и Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқот беш аз 200 варзишгар аз чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ - Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат доштанд. Тоҷикистонро ҳашт нафар намояндагӣ карданд.

Варзишгари тоҷик Далер Тӯраев - қаҳрамони ҷаҳон дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни мутлақ маҳорати баланд зоҳир намуда, бо як медали тилло ва як медали биринҷӣ сарфароз шуд.
Дастаи Тоҷикистон дар яке аз навъҳои рақобат бар дастаи мизбонон - Қирғизистон ғолиб омад ва соҳиби медали тилло гашт. Ҳамчунин ҳунарварии варзишгардухтари тоҷик Зарина Икромова қобили таваҷҷӯҳ аст. Вай дар рақобатҳои инфиродӣ як медали тилло ва як медали биринҷӣ ба даст овард. Дар сабқати таэквондочиёни наврас Алишер Аҳмадов низ бо як медали тилло ва як медали биринҷӣ сарфароз гардид.
Қаҳрамони ҷаҳон Далер Сайфиддинов муваффақ ба дарёфти ду нишони нуқра шуд ва боз ду варзишгари тоҷик - Мақсуд Маҳмудов соҳиби медали нуқра ва Абдураҳмон Абдураҳмонов соҳиби медали биринҷӣ гаштанд.

Бино ба иттилои Мирсаид Яҳёев дар шаҳри Бишкек ҳамзамон ҷаласаи муассисони Федератсияи таэквондои Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Геннадий Хан, намояндаи Федератсияи байналмилалии таэквондо,ки дар Узбакистон ба сар мебарад, раиси Федератсияи навтаъсис интихоб гардид. Ва Мирсаид Яҳёев муовини аввали раиси Федератсияи таэквондои Осиёи Марказӣ интихоб шуд.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG