Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши шумораи гирифторони HIV дар Тоҷикистон


Аъзам Мирзоев - раиси Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо СПИД (AIDS) гуфт, танҳо дар як моҳи ахир шумори гирифторони бемории HIV норасоии масъунияти бадан дар Тоҷикистон 40 нафар афзоиш ёфтааст. Тибқи иттилоъи ин марказ, агар моҳи декабри соли гузашта шумораи гирифторони ин беморӣ 317 нафар буд, ин рақам то кунун ба 357 расидааст. Аъзам Мирзоев, гуфт, оморҳои ғайрирасмӣ шумораи гирифторони бемории HIV дар Тоҷикистонро аз 3 то 5 ҳазор нафар мегӯянд, ки ин аз эҳтимол дур нест.
Аъзам Мирзоев ҳамчунин афзуд, бемории HIV дар сартосари кишвар густариш меёбад ва яке аз роҳҳои афзалиятноки коҳиш додани он огоҳонидани аҳолӣ аз паёмадҳои ногувори HIV мебошад, аммо мегӯяд вай, дар шароити душвори иқтисодии кишвар бе маблағгузории созмонҳои байналмилалӣ иҷрои барномаҳои муҳим дар ин самт имконнопазир аст.
Бунёди байналмилалии "AIDS Foundation East-West" барои барномаи ҷилавгирӣ аз тавсиаи бемории АIDS дар Тоҷикистон 1 миллион доллари амрикоиро ба ихтиёри ниҳодҳои беҳдоштии ин кишвар гузоштааст. Ин маблағ барои татбиқи барномае дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд истифода мешавад, ки дар он бештар аз дигар навоҳии кишвар гирифторони HIV ба қайд гирифта шудаанд. Абдухалил Орифов - сардори Маркази вилоятии мубориза бо AIDS дар вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин вилоят 147 мубталои HIV сабти ном шудааст, ки 40 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG