Пайвандҳои дастрасӣ

Телевизиони давлатӣ рекламаи демократҳоро пахш накард


Ин наворҳои таблиғии аҳзоби сиёсии Тоҷикистон тавассути телевизиони давлатии кишвар шоми ҳар рӯз пахш мешаванд. Ба гуфтаи масъулини телевизион пахши наворҳои таблиғии аҳзоби сиёсӣ дар ин шабакаи саросарӣ дар доираи муқаррароти Камиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ва бо пардохти маблағи муайян сурат мегирад.
Ба иттилои масъулини телевизиони тоҷик, онҳо то кунун наворҳои таблиғотии Ҳизби Наҳзати Исломӣ, Халқӣ-Демократӣ, Сотсиалист ва Сотсиал-Демократ пахш шудааст. Асадулло Раҳмонов - мудири барномаҳои телевизиони давлатӣ гуфт, то ҳол телевизион навори таблиғии Ҳизби Коммунистро дастрас накардааст.
Ин дар ҳолест, ки Раҳматулло Валиев - муовини раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон ҷилавгирӣ аз пахши навори таблиғии ин ҳизб дар телевизионро бо дастури Комиссияи марказии интихобот ва Раъйпурсӣ қонуншиканӣ арзёбӣ кард. Вай гуфт: "Ба он хотир ки дар навор суханронии раиси ҳизб Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ҳаст, онҳо намехоҳанд, навор пахш шавад."

Муҳибулло Додоҷонов - раиси дафтари Комиссияи марказии интихобот иброз дошт, ки навори Ҳизби Демократ бидуни мурооти Қонуни интихобот таҳия шудааст, чун додситонӣ дар қиболи раҳбари ҳизб парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар ҳамин ҳол Асадулло Раҳмонов раиси барномаҳои телевизиони давлатӣ гуфт, барномаи қаблазинтихоботии ин ҳизбро, ки Раҳматулло Валиев муаррифӣ мекунад, сабт кардаанд ва он ҳудуди ним соат пахш мешавад. Дар навбати худ Раҳматулло Валиев мегӯяд, пешниҳоди масъулини телевизионро ҷиҳати аз навори таблиғӣ ихроҷ кардани раиси ин ҳизб - Муҳаммадрӯзи Искандаров - напазируфтааст ва ба ин тартиб демократҳо наметавонанд, тавассути телевизиони давлатӣ навори таблиғӣ пахш кунанд.

Асадулло Раҳмонов- мудири барномаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон афзуд, ки вақт ва маротибаи пахши навори таблиғии аҳзоб ба мувофиқаи ҷонибайн сурат мегирад, вале пардохти ҳаққи нашри навори таблиғии ҳизбҳо барои ҳама якхел муқаррар шудааст. Оқои Раҳмонов афзуд, телевизиони давлатӣ қиммати як дақиқаи вақти эфирӣ барои навори таблиғии аҳзобро 80 сомонӣ муқаррар кардааст.
XS
SM
MD
LG