Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи 12 қитъаи нав дар Русия


Барои ширкати муҳоҷирони тоҷик дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Русия 12 қитъаи раъйдиҳӣ ифтитоҳ шудааст ва ба гуфтаи Муҳаммади Эгамзод - намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ҳамзамон бо раъй додан ба ин, ё он ҳизб, ҳамчунин ба номзади минтақаи зиндагии доимии худ дар Тоҷикистон метавонанд раъй бидиҳанд.
Муҳаммади Эгамзод ҳамчунин афзуд, бар хилофи интихоботҳои пешин ин бор дар шаҳри Маскав танҳо дар бинои сафорат қитъаи раъйдиҳӣ боз шуд ва дар назар аст, ба макони таҷҷамӯъи шаҳрвандони Тоҷикистон сандуқҳои сайёр фиристода шавад. Ин дар ҳолест, ки як гурӯҳ ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ аз вуҷуди ҳавзаи интихоботӣ дар Маскав ва дар маҷмӯъ интихобот ибрози бехабарӣ карданд. Зубайдулло Салоҳов як нафар коргар мегӯяд: "Бахудо аз шумо мефаҳмам, ки интихобот мешавад."
Ба хилофи Зубайдуло, коргар аз Санкт-Петербург Шарҳиддин Назаров иброз дошт, ки аз интихоботи порлумонӣ хабар дорад, вале ҳанӯз намедонад, дар Санкт Петербург қитъаи раъйдиҳӣ мавҷуд ҳаст ё не. Бино ба оморҳои расмӣ дар Русия ҳудудан 400 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон кор мекунанд. Оморҳои ғайрирасмӣ шумораи онҳоро наздик ба 1 миллион мегӯянд, ки аксари онҳо бархурдор аз ҳаққи раъй мебошанд.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG