Пайвандҳои дастрасӣ

Хостаҳои раъйдиҳандагони Қӯрғонтеппа аз номзадҳо


Муродҷон Собитзода, сархатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Қӯрғонтеппа, зимни мулоқоти номзадҳои вакилони Маҷлиси Намояндагон бо мардум, ки ҳамчун як раъйдиҳанда ширкат дошт, ба фисқу фуҷур ва танфурӯшӣ даст задани духтарон, бахусус наврасонро аз мушкилоти иқтисодӣ бештар нигаронкунанда унвон кард.
Ӯ гуфт: "Аз инҳо дар оянда чӣ хел модар мебарояд? Агар ягон домулло ду-се нафарро дарси дин омӯзад ҳатман назди қонун ҷавоб мегӯяд. Чаро барои таълими дарси ахлоқ ҷазо будаасту барои ин бадаахлоқӣ не?Дар парламент ҳами масъалаҳо ҳатман дида шавад."

Дар ин мулоқот аксари раъйдиҳандагони ҳавзаи интихоботии Қӯрғонтеппа аслан мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии марбут ба маҳалли зисти худро дар ҳузури номзадҳо номбар мекарданд. Аммо дар мавриди ин мушкилот ва пешниҳоди оқои Собитзода ҳеҷ яке аз номзадҳо вокуниш нишон надоданд ва намояндагони аҳзоб, ки барномаҳои худро марбут ба мушкилоти ҷомеа таҳия карда буданд, рӯ ба рӯ бо мардум нагуфтанд, аз кадом тариқ метавон ҳалли ин масоилро пайдо намуд.
Ва аммо дар ҳамин ҳол комиссияи ҳавзаи интихоботии мазкур аз қонуншиканиҳои бархе аз номзадҳо зимни мулоқот бо мардум иттилоъ дод. Ҳайдар Алиев, намояндаи Ҳизби Сотсиал-Демократ дар комиссияи ҳавзаи мазкур гуфт, Маҳмадалӣ Насруллоев, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, номзад аз ҳавзаи рақами 1 ба маҷлиси вакилони вилояти Хатлон дар мулоқот ва маъракаи таблиғотӣ аз мансабаш истифода мекунад. Оқои Алиев ҳамчунин афзуд, ин қонуншикании раиси шаҳр аз назари нозирони байналмилалӣ, ки дар мулоқоти номзадҳои ҳавзаи Қӯрғонтеппа бо раъйдиҳандагон ширкат доштанд, дур намондааст. Комиссияи ҳавзаи интихоботии Қӯрғонтеппа дар мавриди қонуншикании номзадҳо зимни маъракаи таблиғотӣ вокунише нишон надодааст.
Барот Юсуфӣ, Қӯрғонтеппа
XS
SM
MD
LG