Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонон ва интихоботи Тоҷикистон - мизи гирди барномаи Ояндасоз


Ҳозирони мизи гирд.
Зарафо Раҳмонӣ, мудири матбаъаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, дар рӯйхати ҳизб дар ҷои даҳум аст. ва ҳамчунин номзадияш аз ҳавзаи инфиродии ноҳияи Фирдавсӣ пешбарӣ шудааст.
Раҷаби Мирзо, муассиси ҳафтаномаи мустақили «Рӯзи Нав». Аз тарафи Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон дар ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ пешбарӣ шудааст.
Лола Холиқҷонова, корманди маркази матбуотии Комиссияи марказии интихобот.
Носирҷони Маъмурзода, донишҷӯи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон, сарвари бахши хабарии «Русское радио - Ориёно».

Агарчӣ ба мизи гирд номзади Ҳизби Халқӣ-Демократӣ Мағфират Хидирова ва Хуршед Раҳимов, ёвари идорӣ ва барномаҳои IFES, Бунёди Байналмилалии Низомҳои интихобот даъват шуда буданд, вале дар он ширкат накарданд.

Дар интихобот ҳам тариқи феҳрастҳои аҳзоб ва ҳам ҳавзаҳои инфиродӣ дар маҷмӯъ беш аз 200 номзад ба вакилӣ пешниҳод шудааст. Ман аз Лола Холиқҷонова - намояндаи комиссияи марказии интихобот суол кардам, ки чанд нафари онҳоро номзадони то сиву панҷсола ташкил медиҳанд ва онҳо аз кадом ҳизбҳо ҳастанд?

Посухи бону Лола зери ин хати сабз аст.

Аз Носирҷони Маъмурзода пурсида шуд, ки оё танҳо 12 номзади ҷавон ва агар бигирем, ки ҳамаашон вакил ҳам шаванд, ин шумор кофӣ аст, бо назардошти он ки ҳафтод дар сади аҳолии Тоҷикистонро ҷавонони зери синни сиву панҷ ташкил медиҳанд?

Кофӣ будан ва ё набудани 12 номзади ҷавон барои кишвари ҷавононро бишнавед.

Аз Раҷаби Мирзо пурсидем, ки оё дар Қонуни интихобот ягон банде ҳаст, ки шояд то андозае барои номзадони ҷавон монеъа эҷод мекунад ва ё шояд баръакс роҳ мекушояд?

Раҷаби Мирзо посух мегӯяд.

Аммо фазои сиёсии кишвар дар пешорӯи интихобот, дар ҳамин як моҳи ахири интихобот чӣ гуна арзёбӣ мешавад?

Баҳои бону Зарафо

Аз Лола Холиқҷонова мепурсам, ки дар мавриди ин қазия тавзеҳ дорад? Ва ҳам умуман, оё ба Комиссияи марказии интихобот аз болои комиссияҳои ҳавзавӣ шикоятҳо мешавад ва онҳо чӣ тавр ҳал мешаванд?

Ин шикваҳо чӣ тарз ҳал мешаванд?

Хуб, ва ин ҷо сари масъалаи дигаре бигзарем, ширкати ҷавонон дар интихобот, оё онҳо умуман ба ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар таваҷҷӯҳ доранд ё на. Ҳамкори ман, Зарангези Наврӯзшоҳ микрофон дар даст дар назди Кохи Ваҳдати Душанбе истод ва ғолибан донишҷӯёнро суол намуд, ки дар бораи интихобот чӣ медонанд, агар маълумоте доштанд, онро аз куҷо дарёфт кардаанд ва оё дар интихобот ширкат хоҳанд кард?
Агар ҳа, чаро ва агар не, чаро?

Ин пурсишро гӯш бидиҳед.

Дар бораи ин пурсиш ҳар хонандаи www.ozodi.org метавонад, фикрашро ба tajik@rferl.org бинависад ва аммо номзадони ҷавон доир ба ин ҳарфҳо чӣ назар доранд?
Ва суоли дигар ин ки ҷавонон ба чӣ ниёз доранд, аз депутатҳо чӣ мехоҳанд ва барои кадом ғояҳо раъй хоҳанд дод?
Ва ба номзадони ҷавон дар сурати нокомӣ дар интихобот чӣ кор хоҳанд кард?
Ин ҷумларо клик кунед, то посухи ин суолҳоро дар идомаи мизи гирд бишнавед.
XS
SM
MD
LG