Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интихоботи пешакӣ дар воҳидҳои марзбонӣ


Муҳибулло Додоҷонов - раҳбари дафтари Комиссияи Марказии Интихобот ва Раъйпурсии Тоҷикистон гуфтааст, дар воҳидҳои марзбонони ин кишвар дар вилояти Бадахшон раъйдиҳӣ 25-уми феврал, яъне ду рӯз пеш аз интихоботи сартосарӣ сурат мегирад. Оқои Додоҷонов гуфтааст, қонуни нави интихоботии Тоҷикистон ин истисноро барои манотиқи дурафтода пешбинӣ мекунад. Ин истисно ҳамчунин ба чӯпонҳо ва молдороне, ки дар баландии то 3 ҳазору 600 метр аз сатҳи баҳр ба сар мебаранд, дахл дорад. Бо назардошти сармои шадид ва барфкучӣ, ё тарма дар чунин маҳалҳо раъйдиҳии қабл аз вақт дар назар гирифта шудааст.

Ва дигар ин ки Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар мулоқот бо раҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва иттиҳодияҳои иҷтимоъӣ изҳори умедворӣ кардааст, ки интихоботи 27-уми порлумонии Тоҷикистон тибқи муқаррароти байналмилалӣ озоду одилона баргузор хоҳад шуд. Вай гуфт, Тоҷикистон умедвор аст, ки ин интихобот боиси боло рафтани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG