Пайвандҳои дастрасӣ

Чеҳраи ҳафта: Вазъи забони тоҷикӣ ва баҳси бозгашт ба хати ниёгон


Қонуни забон дар ин ҳама муддат агарчанд тоҷикии форсиро забони давлат эълон кардааст, аммо ҳамчунон натиҷаи матлуб надода ва иҷро намешавад. Ба назари забоншиносон, як иллати ин номуффақӣ дар таноқузи қавонини Тоҷикистон аст. Қонуни Асосӣ аз як ҷониб тоҷикиро агар забони давлатӣ эълон мекунад, аз ҷониби дигар русиро ба унвони забони муоширати миёни миллатҳои кишвар мақом додааст. Қонуни забон низ ба сурати рӯшан забони давлатиро ба унвони забони расона, илм маориф ва коргузорӣ ва забони робитаҳои хориҷӣ эълон накардааст. Ин ҳама мушкилест, ки зарурати ислоҳи Қонуни забонро пеш овардааст.

Додихудо Саймуддинов - раиси Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Тоҷикистон дар ин замин мегӯяд: "Мо бояд ниёзҳои ҷомеаи худро таввасути забони худ бароварда созем, мо наметавонем, дар умури коргузорӣ ва дафтардории давлати мустақили Тоҷикистон аз забони дигар истифода кунем, чунки забон асолати миллии мардуми моро акс мекунад ва ҳуввияти миллат аст."

Аммо аз як ҷониб агар масъала шароити номуносиб барои рушди забони давлатӣ бошад масъалаи дигар баҳсҳои дохили забон, аз ҷумла баҳси имло, поксозии забон ва баҳси вожагон аст. Ба назари Додихудо Саймуддинов забони тоҷикӣ дар тӯли чанд соли ахир рушд карда ва батадриҷ як забони меъёр шакл мегирад. Аммо дар айни ҳол бархе ҳам мӯътақиданд, ки забон мушкилфаҳм шудааст. Хусусан забони расонаҳо. Шоҳмузаффар Ёдгорӣ шоир ва сардабири собиқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»: "Забони матбуот бояд ҳамин гуна бошад, ки ҳама онро фаҳмад, ҳоло забони бархе рӯзномаҳо бисёр мушкилфаҳм шудааст. "

Аммо "Ҳеҷ мушкил нашудааст" мегӯяд доктор Саймуддинов ва меафзояд, "Онҳое, ки қолаби аслии забони тоҷикӣ барояшон бегона аст, баҳона пеш меоранд, ки забон мушкил шудааст."

Ба ҳар сурат донишмандони тоҷик умедворанд, ки масъалаи имло, забони меъёр ва фароҳам кардани шароити мусоид барои густариши забони давлатӣ, ба забони илм, расона ва таҳсилот табдил кардани он бо ислоҳи Қонуни забон, ки барномаи он рӯйи даст аст, метавонад роҳи ҳалли он мушаххас шавад. Аммо баҳси ҷиддитар аз ин ҳам, ки дар конфронси забон дар гирифт, масъалаи гузаштан ба алифбои ниёгон буд. Бисёре аз ширкаткунандагон ба ин назар буданд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ танҳо роҳи наҷоти забон ва ҳуввияти миллӣ ворид шудан ба ҳавзаи форсӣ ва хати форсист.

Беҳрӯзи Забеҳулло шоир ва муҳақиқи адабиёти муосир ва яке аз гузоришгарони конфронси забон: "Агар мо ба ин хат нагузарем, аввал ин ки он фикри наве, ки дар Тоҷикистон ҳаст, ба ҷаҳон ҳатто ба гӯши ҳамсояҳои он намерасад ва мо аз он чӣ дар ҷаҳон мегузарад, аз он беиттилоъ мемонем. Забоне, ки хат надорад, он забон қобилияти таммадунофарӣ надорад."

Аммо бар андешаи бархе дигарон хати форсӣ мушкилоти хоси худро дорад, ки дар сурати пазируфтани он имкони бесавод мондани оммаи васеъи мардум ба гуфтаи онҳо вуҷуд дорад. Вале боз ҳам Беҳрӯзи Забеҳулло мегӯяд: "Бартарии забони форсӣ он аст, ки ҳангоми хондани ин хат се ҳисси инсон ҳамзамон фаъол мешавад, яке ақл, дигар мантиқ ва севвум чашм. Иллати рукуд ва вопасгароии шеъри тоҷик дар замони шӯравӣ аз даст додани ҳамин хат буд, ки шеъри мо, фарҳанги мо воқеан воруна шуд."

Аммо баҳсҳо ба иддаоҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ низ печид ва бархе, аз ҷумла устоди забони инглисӣ Парвона Ҷамшед иддаои мушкилоти иқтисодӣ дар гузаштан ба хати форсиро пеш овард. Вале Шерзод Абдуллоев гуфт, миллате бидуни собиқа вуҷуд дошта наметавонад ва таърихи миллати тоҷик ва аз ҷумла таърихи забони вай бо хати форсӣ навишта шудааст ва агар қарор аст ин осор бозгардон шавад, заҳмат ва сармояе, ки ба манзури баргадони он ба хати кириллӣ масраф мешавад, ба маротиб бештар аз ҳазинаи гузаштан ба хати форсӣ хоҳад буд.
Ба гуфтаи донишмандони тоҷик дар тамоми тӯлии ҳукумати шӯравӣ дар Точикистон бо вуҷуди ҳама имконоти фаровон ҳатто даҳ дарсади осори форсиро бо хати кириллӣ баргардон нашудааст.

Аммо Беҳрӯзи Забеҳулло мегӯяд: "Аз бунбасти иртиботии Тоҷикистон дида, муҳосираи маънавӣ ва фарҳангии мо хатари бештар дорад. Ва агар ба ин масъала таваҷҷӯҳи ҷиддӣ нашавад, дар ояндаи наздик дар худи Осиёи Марказӣ, ки ҷамоҳири дигар хатти лотиниро пазируфтаанд, муҳосира мешавем. Аз тарафи дигар аз сарчашмаи русӣ маҳрум мешавем, чун насли ояндаи мо забони русиро низ намедонад. Ва аз тарафи ҷануб аз хати форсӣ ҳам маҳрум мешавем. Ва баъдан мемонем дар ботлоқи нодонӣ ва дар фақри иттилоотӣ маҳбус мешавем. "

Донишмандон ва рӯшанфикрони тоҷик ба намояндаи худ Додихудо Саймуддинов, ки номзад ба вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ҳаст, ин пешниҳодро чун дархост ироа карданд, то дар сурати интихоб шуданаш дар маҷлиси оянда матраҳ кунад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG