Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таъсиси корхонаи муштарак барои анҷоми сохтмони ниругоҳи аввали Сангтӯда


Русия ва Тоҷикистон барои анҷоми сохтмони ниругоҳи барқи обии Сангтуда - 1 дар рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон корхонаи муштарак ташкил карданд. Дар ин бора намояндаи расмии ширкати саҳомии барқи Русия РАО ЕЭС Татяна Миляева дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар Маскав хабар дод.

Вай гуфт, қарори ташкили корхонаи муштарак аз суи ИнтерРАО ЕЭС, як бахши ширкати барқии саҳомии РАО ЕЭС, вазорати нируи ҳастаии Русия ва вазорати энержии Тоҷикистон ахиран дар шаҳри Душанбе ба имзо расид.
Хонум Миляева мегӯяд: "Ҳадафи қарордод ширкати муштараки ҷонибҳо дар анҷоми сохтмони ниругоҳи Сангтудаи 1 аст. Барои ташкили корхонаи муштарак байни Русия ва Тоҷикистон моҳи январи соли равон тавофуқ ҳосил шуда буд. Дар ҳамин нишаст протоколи сеҷониба байни Русия, Тоҷикистон ва Эрон ба имзо расид.
Се кишвар барои сохтмони ду ниругоҳи Сангтӯдаи 1 ва 2 паймон карданд. Дар мутобиқат ба протокол Сангтудаи 1-ро пурра Русия ва Тоҷикистон месозанд".


Татяна Миляева ҳамчунин афзуд, саҳмияи Русия дар сохтмони Сангтӯдаи 75 дар сад ва саҳми Тоҷикистон 25 дар сад аст. Сохтмони ниругоҳ ҳамин сол шурӯъ мешавад ва тибқи лоиҳа 4 сол идома меёбад

Ёдоварӣ шудааст, ки ниругоҳи Сангтӯдаи 1 дар рӯдхонаи Вахш дар дусадкилометрии ҷануби Душанбе сохта мешавад. Сохтмони ниругоҳи Сангтӯдаи 1 ахири солҳои 80-уми қарни гузашта шурӯъ ва ба далели камбудии молӣ ба зудӣ қатъ карда шуд. Феълан марҳалаи омодагиҳои ибтидоии сохтмони ниругоҳ ба охир расида, роҳи рафтуомад, таҳдоби бино ва васоили иртибот сохта шудааст.

Ба гуфтаи намояндаи ширкати РАО ЕЭС, ниругоҳи барқи обии Сангтӯдаи 1 натанҳо саноеъи Тоҷикистонро бо барқ таъмин мекунад, балки ба содироти барқ ба хориҷ ҳам имкон медиҳад. Гузашта аз ин, фаъолшавии Сангтудаи 1 барои танзими шабонарӯзии маҷрои рӯди Вахш низ шароит фароҳам месозад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG