Пайвандҳои дастрасӣ

Сафири Амрико дар Тоҷикистон: "Майли ҷавонони тоҷик ба сиёсат меафзояд."


Ҳафтаи гузашта сафири Амрико дар Тоҷикистон Ричард Ҳоугленд бо донишҷӯёну намояндагони расонаҳои хабарии ин кишвар як мулоқоти интернетӣ дошт ва баъд аз оқойи сафир розӣ шуд бо Барномаи Ояндасоз доир ба ҷавонони тоҷик сӯҳбат кунад. Нахуст аз ҷаноби сафир онро пурсидем, ки сиёсатмадорон ва аҳзоби сиёсии Тоҷикистон мегӯянд, таваҷҷӯҳи насли чавон ба сиёсат ҳанӯз ҳам заиф аст ва ба андешаи ӯ чӣ гуна метавон таваҷҷӯҳи насли ҷавонро ба ҳаёти сиёсии кишвар боло бурд?

Ричард Ҳоугленд гуфт: «Фаъолияти садҳо созмонҳои ҷадиди ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон далели он аст, ки диққати ҷавонон ба сиёсат рӯз аз рӯз бештар мешавад. Бо воситаи Интернет ҳам метавон дониши сиёсии ҷавононро боло бурд, зеро аз он дар баробари маълумоти дигар мешавад, оид ба суолҳои марбут ба сиёсат посух гирифт.»

Ба гуфтаи ҷаноби сафир, ҷавонони амрикойӣ, вобаста ба вазъият дар дохили кишвар, ё ҷаҳон баъзан фаъол мешаванд ва ё ин ки баръакс. Аммо дар интихоботи ахири президентӣ дар Амрико ба гуфтаи ҷаноби Ҳоугленд иштироки фаъоли ҷавонон ба манфиати аҳзоби ҳам ҷумҳурихоҳ ва ҳам демократ будааст: «Барои такмили дониши сиёсии ҷавонони амрикойӣ сарчашмаҳои ниҳоят зиёд вуҷуд дорад. Инҳо метавонанд оила, калисову масҷидҳо ва ё мактабҳои таҳсилоти ҳамагоние бошанд, ки ҷавононро дар рӯҳияи ҷомеаи шаҳрвандӣ тарбия намоянд. Лекин ба андешаи ман, мавҷудияти матбуоти озод ва дастрасӣ ба иттилоот муҳим аст, то ин ки шахс тавонад аз онҳо идеяҳои мухталиф бигирад ва ба сиёсат наздиктар шавад.»

Ҳамсӯҳбати ман мӯътақид аст, ки дар ояндаи наздик дониши ҷавонони тоҷик ба зудӣ пешрафт хоҳад кард ва онҳо метавонанд, дар баробари ҳамсолони худ дар ҷаҳон рақобат намоянд. Аз сафири Иёлоти Муттаҳида пурсидам, ки шахс чӣ гуна метавонад як дипломати баландпоя шавад. Ричард Ҳоугленд гуфт, дар Тоҷикистон мактабҳои вижае барои омода намудани дипломатҳои касбӣ амал мекунанд. Аммо дар Амрико шаҳрвандон дар натиҷаи супоридани имтиҳонҳои ҷиддӣ ба олами дипломатия роҳ меёфтаанд.

Ричард Ҳоугленд мегӯяд: «Ман ба ҷавонон тавсия медодам, ки аз беҳтарин имконоти таҳсил истифода баранд ва ба падидаҳои дар миқёси ҷаҳонӣ муҳим таваҷҷӯҳи худро равона созанд. Дар ИМА барои дипломат шудан хамасола ҳудуди 20 000 донишманд ариза медиҳад. Аз онҳо 2 000 нафарашон аз имтиҳон гузашта, танҳо дар натиҷаи имтиҳони такрорӣ 200 нафарашон ба кор қабул мешаванд, чунки дар як сол танҳо 200 ҷойи кори холӣ ба вазифаи дипломат ҷудо карда мешавад.»

Сафири Амрико доир ба таасуроташ аз табиати Точикистон гуфт, иқлими ин сарзамин ба зодгоҳи ӯ аёлати Индиана монанд будааст. Ӯ мегӯяд, меваву ғизоҳои миллии тоҷиконро дӯст медорад, оҳангҳои Толиб Шаҳидиро меписандад.
XS
SM
MD
LG