Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нақши Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар интихоботи Тоҷикистон


Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз моҳи феврали соли 1994 шурӯъ намудааст ва дар ҳамин сол, замони баргузории интихоботи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба иҷрои мандати интихоботӣ оғоз намудааст. Вале Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо соли 2000-ум ба интихоботи порлумонии Тоҷикистон назорати густурда бурда ва аз наҳваи баргузории ин маърака ва тақаллуб дар он интиқод намуда буд.

Абдуалӣ Тоҳиров - ёвари мушовири сиёсии Маркази САҲА дар Душанбе мегӯяд, ин марказ дар иҷрои мандати интихоботии худ дар қиёс бо интихоботи соли 2000-ум муваффақтар амал намудааст: «Аз ҷумла, дар ин замина аз ворид сохтани тағйироту иловаҳо ба Қонуни интихобот, ки бо ибтикори САҲА сурат гирифтанд, метавон ном бурд. Ин тағйирот дахолати ҳукуматҳои маҳаллиро рафъ мекунанд, ташкили ҳавзаҳои интихоботиро дар дохили биноҳои ҳукуматӣ манъ менамоянд. Ширкати намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ таъмин гашта, имкони дастрасӣ ба маълумот барои нозирон фаррохтар шуд.»

Ба гуфтаи Андрей Шугуров - раҳбари феълии Маркази САҲА дар Тоҷикистон, марказ зарфи як соли ахир барои баргузории интихоботи шаффофу демократӣ дар ин кишвар талошҳои зиёд кардааст: «САҲА манотиқи мухталифи Тоҷикистон барномаҳои интихоботиро амалӣ кард, ки дар онҳо беш аз 10 ҳазор намояндагони ақшору ташаккулҳои гуногун ва мақомоти давлатӣ сатҳи маърифати худро доир ба Қонуни интихобот ва шароити ширкат дар он боло бурданд. Танҳо дар соли 2004, марказ 16 тарҳи вижаро дар самтҳое чун озодии васоити ахбор, гуногунандешӣ ва мусоидат ба баргузории интихоботи шаффофу демократӣ пиёда кардааст.»

Аммо Раҳматулло Зойиров - раҳбари Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон талошҳои САҲА-ро барои қабули қонуни нави интихобот нокифоя мешуморад: "Ҳар як сафири САҲА, бояд ҳам бо ҳукумат ҳамкорӣ кунад ва ҳам рисолати худро иҷро карда тавонад. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои аҳзобу васоити ахбори омма ва ҳуқуқи инсонро дар ин ҷо муҳофизат карда тавонад. Яку ним соли охир аз ин ҷиҳат САҲА вазифаҳои худро иҷро карда натавонист ва бисёр проблемаҳо монанди қабули Қонуни интихобот, фишор болои аҳзоб ва матбуоти ғайридавлатӣ ба вуҷуд омаданд."

Ин дар ҳолест, ки Андрей Шагунов мегӯяд, зимни таҳияи қонуни нави интихобот тавсияҳои Маркази САҲА пурра ба назар гирифта нашуданд. Аммо Муҳибулло Додоҷонов - раҳбари дафтари Комиссияи Марказии Интихобот мегӯяд, ин ниҳод барои пешгирӣ аз тақаллубкорӣ дар интихобот тавсиявҳои САҲА- ро ба инобат гирифта, камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намудааст. Бино ба иттилои ин маркази САҲА дар Душанбе, 130 нафар нозирони кишварҳои узви ин созмон интихоботи моҳи феврали Тоҷикистон назорат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG