Пайвандҳои дастрасӣ

Дасту пойҳои бастаи матбуоти Бадахшон


Гурӯҳи шаҳрвандон ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ зимни муроҷиати расмие ба маъмурияти Идораи телевизион ва радиои Бадахшон хостори пахши такрории намоишҳои телевизиони ин вилоят шуданд, ки дар онҳо намояндагони аҳзоб ва номзадҳо ба вакилӣ барномаҳои пешазинтихоботиашонро тарғиб мекунанд. Онҳо изҳор доштаанд, дар ҳоле, ки ҳангоми пахши барномаҳо ба иллати камбуди барқ дар ин ё он қисмати шаҳр бинандагон наметавонанд, аз онҳо баҳрабардор шаванд, пахши такрории барномаҳо дар давраи тарғиботи пешазинтихоботӣ зарур аст.
Идораи телевизион ва радио гуфт, пахши такрории барномаҳои телевизионӣ бо ширкати номзадҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилӣ дар давраи маъракаи пешазинтихоботӣ идома ёфта, то ба реҷаи мӯътадил бозгаштани интиқоли нерӯи барқ амри иҷборӣ мемонад.

Телевизиони Бадахшон чордаҳ сол қабл ба нахустнамоиш оғоз карда ва бино ба гуфтаи масъулини маркази пахши радио ва телевизион, ба иллати мушкилоти иқтисодӣ барномаи густариши он дар манотиқи вилоят ба даҳсолаҳои оянда ҳавола шудааст. Аммо сараввал телевизион бо якҷоягӣ бо радиои Бадахшон, ки барномаҳои он қариб дар ҳар як хона садо медоданд, дар инъикоси ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии мардум нақши чашмгире доштааст. Вале бар асари тахриби шабакаи радиёӣ ва изофаи мушкилоти камбуди нерӯи барқ, ки доираи фарогирии мавҷи телевизионро ҳатто дар ҳудуди маркази вилоят ба мушкилот рӯ ба рӯ кардааст, симо ва садои Бадахшон ба тадриҷ чун васоити иттилоърасонӣ нақши фаъолро аз даст додааст. Номзадҳо ба вакили Маҷлиси Намояндагон ва намояндагони аҳзоб мегӯянд, дар зимистони сербарф ва сард онҳо маҷбур ҳастанд, тарғиботро аз манотиқи дурдаст шурӯъ карда, деҳа ба деҳа карданд, то барномаҳои пешазинтихоботиашонро ба гӯши мардум бирасонанд.

Бино ба гуфтаи Акрам Ризоев, сокини ноҳияи Ишкошим бӯҳрони иттилоотӣ боис шудааст, ки дар минтақаи онҳо бештари интихобкунандаҳо танҳо як номзадро мешиносанд: "Мардум дар ҳавзаи интихоботии Ишкошим танҳо як нафарро мешиносанд, ки он ҳам намояндаи Ҳизби Халқӣ-Демократӣ аст ва ӯро бо воситаи мактабҳо ва муаллимон муаррифӣ карда истодаанд."
Дар ҳоле, ки агар дар ҳавзаи интихоботии Хоруғ аз тариқи телевизион ҳадди аққал имконияти ба мардуми шаҳр, ки 15 дар сади аҳолии вилоятро ташкил медиҳанд, муаррифӣ намудани барномаҳои пешазинтихоботӣ мавҷуд бошад, интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии Ванҷ пурра аз доираи фарогирии телевизиони маҳаллӣ берун мемонанд.
Сардори идораи телевизион ва радиои Бадахшон Нарзулло Хайруллоев гуфт, онҳо тибқи қонун барои намояндагони аҳзоб ва номзадҳои ҳар ду ҳавза имконияти баробари истифода аз ин васоити иттилоърасониро фароҳам хоҳанд кард. Аммо барои маҳдуд будани доираи фарогирии барномаҳо худро ҷавобгар намеҳисобанд: "Мо барои ҳамаи номзадҳое, ки пешниҳод шудаанд, дар ҳаҷми 30 дақиқа вақт ҷудо мекунем, барномаҳоро месозем, вале оне ки дар бисёр манотиқи Бадахшон интихобкунандагон барномаҳои моро шунида ё тамошо карда наметавонанд, ин айби мо нест."
Вазъияти телевизиони Бадахшон аз ҷиҳати таъминоти фаннӣ хароб аст, аммо бо ин вуҷуд хабарнигорони он бо гузоришу барномаҳои худ доир ба муҳити зист, ҷоизаҳои байналмилалиро соҳиб шудаанд. Идораи телевизион дар як бинои кӯҳна ва тармимталаб, ки аз моликияти Ҳизби Коммунист ба моликияти ҳукумати вилоят табдил ёфтааст, ҷой гирифта ва Ҳизби Коммунист ва пасон ҳукумат бозпас гирифтани ин бино талоши зиёде кардаанд. Аммо воқеи фурӯрезии боми золи гирди телевизион иқдоми довталабони соҳиб шудан ба ин биноро боздоштааст.
XS
SM
MD
LG