Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақши матбуот дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон


Бобоҷони Абдулвоҳид - сардабири «Садои Мардум» нашрияи Маҷлиси Олӣ, ки ҳафтае се маротиба мунташир мешавад, гуфт, бештари матолиби рӯзнома пас аз оғози маъракаи интихобот ба ҳамин мавзӯъ бахшида шудааст. Бобоҷони Абдулвоҳид мегӯяд, ҳоло нашрияҳои расмӣ "Садои Мардум" ва "Ҷумҳурият" дар байни мардум маъруфият касб кардаанд ва бештари довталабони курсии парлумонӣ барои таблиғи худ ба ҳамин рӯзномаҳо муроҷиат мекунанд. Аммо ба гуфтаи ӯ, аз миёни шаш ҳизб, ки вориди сабқати интихоботи порлумонӣ шудаанд, танҳо ҳизбҳои халқӣ-демократӣ ва коммунист хостори чопи маводи таблиғотии худ дар ин нашрия шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки Фахриддини Холбек - муовини сардабири нашрияи хусусии «Рӯзи Нав» мегӯяд, инъикоси маъракаҳои интихоботӣ баъди аз нашр бозмондани рӯзномаҳои мустақили «Рӯзи нав», «Оламу Одам» ва «Нерӯи Сухан» комилан зери назари мақомот сурат мегирад ва бештари матолиб дар расонаҳои расмӣ аз тавсифи ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ва номзадҳои мақбули ҳукумат иборат мебошад.

Аммо Абдумудассир Аҳмадзода - муҳаррири ҳафтавори хусусии «Тоҷикистон» гуфт, ин ҷурми аҳзоб ва номзадҳои мустақил аст, ки ба нақши матбуот дар интихобот кам эътибор медиҳанд ва ҷиҳати ташвиқоти худ аз нашрияҳо ба таври нокифоя истифода мекунанд. Ба ақидаи Қироншоҳи Шарифзода - раиси Конуни рӯзноманигорон мавсум ба "Ҳамкории иҷтимоӣ" теъдоди нусхаи рӯзномаҳо дар Тоҷикистон ночиз ва дастрасии раъйдиҳандагон ба он ҳам нокифоя мебошад. Бештари нашрияҳо дар шаҳрҳо тавзеъ мешаванд, дар ҳоле, ки аксари интихобкунандаҳо дар деҳот ба сар мебаранд ва аз муборизоти интихоботӣ огаҳии кофӣ надоранд.

Ин дар ҳолест, ки Владимир Сотиров - раҳбари Дафтари мусоидат ба сулҳи СММ дар Тоҷикистон гуфт, дар муқоиса бо интихоботи порлумонии соли 2000-ум дар расонаҳои хабарии ин кишвар масоил ва мушкилоти маъракаи интихоботи соли ҷорӣ бештар баррасӣ мешавад. Вай гуфт, дар ин миён дар фазои иттиллотии Тоҷикистон бо ин вуҷуд, ки бархе аз нашрияҳои мустақил аз чоп боздошта шудаанд, пайдо шудани чанд шабакаҳои мустақили радиоӣ ва ҳамчунин рӯзномаҳо имкон дод, мардум аз ҳолу ҳавои маъракаи интихоботӣ маълумот бигирад.

Дар ҳамин ҳол Муҳибулло Додоҷонов - раиси дафтари Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон гуфт, дар заминаи қонуни ҷадиди интихоботи вакилони Маҷлиси Олӣ ин комиссия бори нахуст низомномаи махсусе интишор кардаааст, ки тибқи он хабарнигорон аз тамоми ҳуқуқе бархурдор шуд, ки нозири миллӣ дорад. Оқои Додоҷонов афзуд, рӯзноманигор бо пешниҳоди шаҳодатномаи журналистӣ метавонад дар ҷаласаи қитъа, ҳавза ва Комиссияи марказии интихобот иштирок ва ҳамчунин куллия ҷараёни рӯзи интихоботро ба навор бигирад, ки ин ҳуқуқро дар интихоботи қаблии Тоҷикистон рӯзноманигор надошт.
XS
SM
MD
LG