Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон: Ҳаракати тундтар ба сӯи порлумон


Соли 1973 замоне, ки Иттиҳоди Шӯравии муқтадир ҳанӯз бар пой буд, дар Қӯрғонтеппа бо номи "Наҳзати ҷавонони исломихоҳ" як созмони ғайрирасмӣ таъсис ёфт, ки пас аз чандин сол бо номи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар саҳнаи сиёсии кишвар зоҳир шуд. Ин созмон нахуст аз 5 нафар иборат буд ва сарварии онро Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки он вақт бо номи Мулло Абдуллоҳ маъруф буд, бар ӯҳда дошт. Ин ҷараён дар 3-4 сол густариш ёфт, аммо баъдан мавриди таъқиб қарор гирифт ва соли 1986 Мулло Абдуллоҳ бо ҷурми бадномкунии низоми вақт боздош ва маҳкум ба зиндон шуд. Аммо соли 1989 дар вилояти Аштархони Русия нахустин анҷумани Ҳизби Наҳзати Исломии Иттиҳоди Шӯравӣ баргузор шуд ва бештари вакилони анҷуман аз Тоҷикистон буданд.

Ҳанӯз то шикасти шӯравӣ наҳзатиҳо талош намуданд, ин ҳаракатро ба унвони ҳизби сиёсӣ сабти ном кунанд. Дар моҳи июни соли 1990 ба ҲНИТ муяссар шуд, анҷуман баргузор ва Муҳаммадшарифи Ҳимматзодаро раис интихоб кунад. Вале дар он замон ҳукумат ин ҳизбро сабти ном накард ва ҲНИТ танҳо дар авохири соли 1991, дар пайи суқути Шӯравӣ расман сабти ном шуд. Барои аввалин бор ҲНИТ дар тирамоҳи соли 1991 дар интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ғайримустақим бо роҳи пуштибонӣ аз номзадии Давлат Худоназаров ширкат кард. Аммо интихобот бо пирӯзии Раҳмон Набиев анҷом ёфт ва ҲНИТ дубора дар мавқеъи мухолифат қарор гирифт. ҲНИТ дар ҷараёни гирдиҳамоиҳои баҳори соли 1992 дар Душанбе нақши умда дошт. Баъди шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ дар соли 1992 ва пирӯзии Ҷабҳаи Мардумӣ дар ин ҷанг раҳбарияти ҲНИТ дар Афғонистон паноҳ ёфт. Соли 1993 фаъолияти ҲНИТ дар ин кишвар манъ гардид ва танҳо соли 1999, баъди ду соли имзои созишномаи сулҳ, ин ташаккули сиёсӣ тавонист иҷозаи фаъолиятро дар Тоҷикистон дубора ба даст оварад.

ҲНИТ дар пай бо баргузории анҷумани нав Сайид Абдуллоҳи Нуриро раис интихоб кард. ҲНИТ ҳамон сол дар интихоботи раёсати ҷумҳур номзади худ Давлат Усмонро дар муқобили Эмомалӣ Раҳмонов пешбарӣ кард.
Дар соли 2000 ҲНИТ барои нахустин бор дар интихоботи порлумони кишвар ширкат кард ва ду номзади он Муҳаммадшарифи Ҳимматзода ва Насриддин Саидов вориди Маҷлиси Намояндагон шуданд. Дар ҳоли ҳозир ҲНИТ ба интихоботи қарибулвӯқуи порлумони кишвар омодагӣ мебинад. Муҳиддин Кабирӣ - муовини авали раиси ҲНИТ дар робита ба стратегияи ҳизб мегӯяд: "Мо нисбат ба ҳукумат дар мавқеъи мухолифати созанда қарор хоҳем гирифт ва аммо имкони ҳамкориро бо давлат рад накардаем ва ҳатто бо ҳизби ҳоким ва ҳукумати амалкунанда ҳамкорӣ хоҳем кард. Албатта, дар чаҳорчӯби он барнома ва ё ҳадафҳое, ки муштарак ҳастанд."

ҲНИТ ба ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ 15 номзад, аз ҷумла Муҳаммадшарифи Ҳимматзода, Муҳиддини Кабирӣ, Сайидумари Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалии Ҳаитро пешбарӣ кардааст. ҲНИТ ин навбат мехоҳад, дар порлумон на камтар аз 8 нафар намоянда дошта бошад, то тавонад дар Маҷлиси Намояндагон ҷиноҳ таъсис диҳад.
XS
SM
MD
LG