Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон: Саъй барои ишғоли тамоми курсиҳои порлумон


Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар моҳи декабри соли 1994 бо номи Ҳизби Халқӣ вориди саҳнаи сиёсӣ шуд ва он замон раҳбариашро Абдулмаҷид Достиев - муовини раиси порлумон бар ӯҳда дошт.
Ин ҳизб замоне арзи вуҷуд намуд, ки дар Тоҷикистон ба ҷуз аз Ҳизби Коммунист ҳизби дигаре расман амал намекард ва фаъолияти аҳзоби мухолиф мамнӯъ буд. Мӯсо Асозода раиси дастгоҳи ҳизб мегӯяд, ибтикори таъсиси чунин як ҳизб дар муқобили Ҳизби Коммунист аз Эмомалӣ Раҳмонов бар омада буд: "Эмомалӣ Раҳмонов пешниҳод кард, ки дар Тоҷикистон бояд ҳизбе бошад, ки бо ҳадафҳои имрӯзаи ҷомеаи Тоҷикистон мувофиқ бошад.Кори мо аз он шурӯъ шуд, ки мо дар Конститутсияи Тоҷикистон гуфтем, ки мо ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ месозем." Ин ҳизб як ҳафта баъд аз баргузории анҷумани нахустинаш рӯзи 15 декабри соли 1994 дар вазорати адлия расман сабти ном шуд. Ин дар ҳоле буд, ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ ҳанӯз идома дошт.

Давлаталӣ Давлатов муовини аввали раиси ҲХДТ мегӯяд: "Барномаи Ҳизб, ки ҳанӯз соли 1994 қабул гардида буд, комилан иҷро гардид, чунки ҳадаф пеш аз ҳама сулҳу субот ва оромии ҷомиа буд, ки ба даст омад."
Соли 1997 Ҳизби Халқии Тоҷикистон дар анҷумани сеюмаш ба Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон табдили ном кард. 10 марти соли 1998 президент Эмомалӣ Раҳмонов ба узвияти он пайваста, пас аз як моҳ ба ҷойи Абдулмаҷид Достиев раиси ҳизб интихоб шуд. Аз он замон ба ин тараф ҲХДТ ҳизби ҳоким дар кишвар шинохта мешавад ва баъди чанде аксарияти кулли мақомоти давлатӣ шомили ин ташаккули сиёсӣ шуданд.
Пас аз имзои созишномаи сулҳи тоҷикон ҲХДТ барномаи худро тағйир дод. Давлаталӣ Давлатов, муовини раиси ҳизб мегӯяд: "Имрӯз ҳадафи асосии мо бунёди ҷомеаи демократӣ, бунёди давлати навини Тоҷикистон, ки мақсади асосии он ҳифзи суботи сиёсӣ таввасути ҳамкории ҷомиаи шаҳрвандӣ ва давлати демократӣ ва густариши ҷараёни демократикунонии ҷомеа мебошад."

ҲХДТ дар интихоботи Маҷлиси Намоянадагон дар соли 2000-ум 64 дар сади раъйи мардумро ба даст овард ва дар порлумон ба аксари кулли курсиҳо соҳиб шуд. Ҷиноҳи ин ҳизб дар Маҷлиси феълӣ аз 42 вакил иборат аст.
Акнун ҳизб ба интихоботи оянда омодагӣ мегирад ва ба ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ 22 номзад ва дар 41 ҳавзаи инфиродӣ 41 номзад пешбарӣ кардааст. Чеҳраҳои шинохта дар рӯйхати ҳизб Абдулмаҷид Достиев - муовини раиси порлумон, Сайдулло Хайруллоев - раиси Маҷлиси Намояндагон, Сафаралӣ Раҷабов - вазири маориф, Абдуҷалол Салимов - вазири роҳ, Гулназар Келдӣ - шоири маъруфи Тоҷикистон ва Саймуддин Додихудоев - раиси Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт мебошанд. Масъулини ҳизб мутмаъинанд, ки ин навбат назар ба интихоботи гузашта раъйи боз ҳам бештари мардумро ба даст хоҳанд овард.
XS
SM
MD
LG