Пайвандҳои дастрасӣ

Чанд хабари варзишӣ аз Тоҷикистон


Дар мусобиқаи тирандозӣ миёни наврасони шаҳри Душанбе, ки рӯзи ҷумъаи 18 феврал дар машқгоҳи тирандозии Созмони мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (собиқ ДОСААФ) оғоз ёфт, 320 нафар дар ҳайати 4 дастаи мунтахаби навоҳии пойтахти ин кишвар ширкат доранд. Шариф Азизов, як корманди масъули ин созмон гуфт, ширкаткунандагони мусобиқа дар тирандозӣ аз туфанги варзишии кӯтоҳмил ба масофаи 25 метр рақобат мекунанд.

Бино ба иттилои Ғайрат Неъматов, мураббии дастаи мунтахаби варзиши сабуки Тоҷикистон гуфт, 4 варзишгари тоҷик - Аҷмал Амиров, Нозимҷон Эрматов, Фирдавс Азизов ва Олга Герасимова - дар мусобиқаи байналмилалии ҷоми «Умед», ки 18 феврал дар шаҳри Маскав шурӯъ шуд, дар давидан ба масофаи мухталиф рақобат доранд. Ин мусобиқа то рӯзи якшанбе идома хоҳад кард.

Ҳамзамон дастаи мунтахаби гуштии самбои Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми раисиҷумҳури Беларус, ки рӯзи ҷумъа дар шаҳри Минск оғоз ёфт, ширкат дорад. Маҳмуди Абдулло, дабири кулли Федератсияи гуштии самбои Тоҷикистон гуфт, дар ин мусобиқаи серӯза паҳлавонони маъруфи тоҷик Фарҳод Раҳматуллоев, Карим Мерганов, Алишер Азимов ва Санҷар Сарфарозов қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Ва нахустин мусобиқаи камонварони тоҷик дар мавсими имсолаи варзишӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо пирӯзии Фирӯза Зубайдова ва Мадина Сайфуллоева (дар байни занону духтарон) ва Рушан Соколов (миёни писарон) ба анҷом расид.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG