Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои шаҳрвандони тоҷик дар кишварҳои хориҷӣ 27 қитъаи овоздиҳӣ боз хоҳад шуд


Бар пояи иттилоъи Комиссияи Марказии Интихобот ва Раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ), барои ширкати муҳоҷирону мусофирони тоҷикистонӣ дар интихоботи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олӣ дар берун аз қаламрави Тоҷикистон 26 қитъаи овоздиҳӣ ташкил хоҳад шуд.

Ба гуфтаи КМИРТ, рӯзи 27 феврал, дар рӯзи интихоботи Маҷлиси Намояндагон муҳоҷирони тоҷикистонии муқими Русия хоҳанд тавонист, дар 10 қитъаи овоздиҳӣ раъй диҳанд. Аз ҷумла, 3 макони раъйдиҳӣ дар Маскав ва яктоӣ дар 7 шаҳри бузурги Русия: Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск, Перм, Волгоград, Кемерово ва Самара мунтазири раъйдиҳандагони тоҷикистонӣ мешаванд.

Рӯзи 27 феврал 2 ҳавзаи интихоботӣ дар ИМА : яке дар сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон ва дигаре дар намояндагии Тоҷикистон дар СММ дарҳои худро барои раъйдиҳандагон боз хоҳанд кард.
Дар Афғонистон ҳам 2 макони овоздиҳӣ: яке дар сафорати Тоҷикистон дар Кобул ва дигарӣ дар консулхонаи Тоҷикистон дар шаҳри Мазори Шариф ташкил мешавад.

Ҳамчунин раъйдиҳандагони тоҷикистонии муқими кишварҳои хориҷӣ хоҳанд тавонист, ки ба пуштибонӣ аз номзадҳо ба Маҷлиси Намояндагон дар нуқтаҳои овоздиҳии сафоратҳои Тоҷикистон дар Белгия, Белорусия, Олмон, Эрон, Чин, Туркманистон, Қазоқистон, Узбакистон, Қирғизистон, Туркия, Покистон ва дар сохтмони Намояндагии Тоҷикистон дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ( дар шаҳри Вена) раъй диҳанд.

Дар бораи шумораи эҳтимолии тоҷикистониҳои муқими кишварҳои хориҷӣ иттилои дақиқ дастрас намебошад, вале бузургтарин ҷамоаи тоҷикистониҳои бурунмарзӣ дар Русия иқомат дорад. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки феълан дар Русия беш аз чорсад ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба сар мебарад, вале созмонҳои ғайридавлатӣ шумораи муҳоҷирони тоҷики муқими Русияро ба як миллион баробар мешуморанд.
Искандари Хоҷамирзода, Прага
XS
SM
MD
LG