Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи кӯмакҳои бузург ба марзбонони тоҷик


Алан Вадамс - мақоми олирутбаи Иттиҳоди Аврупо дар умури Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар шаҳри Душанбе гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ тасмим гирифтааст, барои тақвияти ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон, ки нерӯҳои марзбонии Русия аз он хориҷ мешаванд, 20 миллион доллар ҷудо кунад. Алан Вадамс дар шаҳри Душанбе баъди хотима конфронси байналмилалӣ дар робита ба ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон иброз дошт, танҳо Иттиҳоди Аврупо барнома дорад, имсол барои нерӯҳои марзбонии тоҷик 5 миллион доллар ҷудо кунад. Сафири Амрико дар Тоҷикистон Ричард Ҳоугленд низ гуфтааст, кишвараш тасмим гирифтааст, ба нерӯҳои сарҳадбонии Тоҷикистон беш аз 9 миллион доллар кӯмаки иловагӣ кунад.
Тибқи тавофуқи Душанбеву Маскав имсол тамоми нерӯҳои Русия, ки марзи тоҷику афғонро аз замони истиқлолияти Тоҷикистон ҳимоят мекарданд, аз ин марз хориҷ мешаванд ва то кунун сарҳадбонони тоҷик нигаҳбонии 881 километри ин марзро ба дӯши худ гирифтаанд. Ба гуфтаи сафири Русия дар Тоҷикистон, Максим Пешков, то охири имсол нерӯҳои марзбонии ин кишвар ҳимояти минтақаҳои сарҳадии Панҷ ва Маскавро ба ӯҳдаи марзбонони тоҷик хоҳанд гузошт.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG