Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳизби Демократ: Бе раҳбар, вале мутмаин ба пирӯзӣ


Муассисони Ҳизби Демократи Тоҷикистон бо баргузории анҷумани нахустин 10 августи соли 1990 таъсис Ҳизби Демократро эълон доштанд ва ҳизб ба фаъолияти сиёсӣ шурӯъ намуд. Дар анҷуман файласуф Шодмон Юсуф раиси ин ҳизб интихоб шуд. Шоири маъруф Бозор Собир, профессор Абдунабӣ Сатторзода, доктор Раҳими Мусулмониён, Ҷумъабой Ниёзов аз ҷумлаи афроди саршиноси демократҳо буданд.
Ҳизби Демократ дуввумин ҳизб баъди Ҳизби Коммунист буд, ки дар кишвар фаъолият мебурд. Тақрибан бо гузашти ду сол Тоҷикистон дучори ҷанги дохилӣ шуд ва дар он нирӯҳои кӯҳнагаро ва навгаро пушти ду сангар қарор гирифтанд. Баъди ба сари қудрат омадани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов, Ҳизби Демократ, Ҳизби Наҳзати Исломӣ, созмони мардумии "Растохез" ва созмонҳои дигари демократихоҳ кишварро тарк карданд ва дар хориҷ гирди ҳам омада, Иттиҳодияи нирӯҳои мухолифини тоҷикро таъсис доданд.Баъд аз ин Ҳизби Демократи Тоҷикистон дар Алма-Ато анҷуман баргузор кард ва мавзӯъи ширкати ҳизб дар музокираи сулҳи тоҷиконро дар миён гузошт.

Раҳматуллоҳ Валиев, муовини раиси Ҳизби Демократ: "Дар Теҳрон гуфтушунид байни оппозитсияи тоҷик ва ҳукумати Тоҷикистон сар шуд. Раиси Ҳизби Демократ Шодмон Юсуфов, ки мехост, ба музокироти сулҳ ҳамроҳ шавем, аз ин ақидаи худ гашт. Аммо садорати Ҳизби Демократ бо рафтори раиси ҳизб ризо нашуд ва анҷумани ҳизбро дар Алма-Ато доир кард. Ин анҷуман ба Шодмон Юсуф боварӣ накард ва Ҷумъабой Ниёзов, ки ҷонишини аввали раиси ҳизб буд, раис интихоб шуд."
Бо ин Ҳизби Демократи Тоҷикистон ба ду ҷиноҳ тақсим шуд. Якеро ҷиноҳи Теҳрон ба раҳбарии Шодмон Юсуф ва ва дигариро шохаи Алма-Ато ба раҳбарии Ҷумъабой Ниёзов ном мебурданд. Шохаи Алма-Ато, ки шомили Иттиҳоди мухолифини тоҷик буд, бо ҳукумати Тоҷикистон ба музокироти сулҳ пардохт.

Бо ба даст омадани сулҳ ва бо иҷозаи фаъолияти аҳзоби шомили Иттиҳоди мухолифин Ҳизби Демократ таҳти сарварии Ҷумъабой Ниёзов дар вазорати адлия дар соли 1999 аз нав сабти ном шуд ва ин вазорат ба думбол сабти номи шохаи Теҳрон зери раҳбарии Аъзам Афзалиро бекор кард. Моҳи декабри ҳамин сол анҷумани ҳафтуми Ҳизби Демократ баргузор ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаров раиси ҳизб, Ҷумъабой Ниёзов муовини аввал интихоб шуд. Маҳмадрузӣ Искандаров он замон раҳбари идораи давлатии "Тоҷиккоммунсервис" буд. Дар соли 2000 Ҳизби Демократ дар интихоботи порлумон ширкат намуд, аммо натавонист ба Маҷлиси Намояндагон роҳ ёбад. Моҳи ноябри соли 2003 раиси ҳизб Муҳаммадрӯзӣ Искандаров бо фармони президент Эмомалӣ Раҳмонов аз раисии ширкати газ барканор карда шуд. Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ки аз моҳи августи соли гузашта дар Маскав ба сар мебурд, рӯзи 9 декабр бо дастури додситонии Тоҷикистон боздошт шуд. Ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ Искандаровро аз ҳаққи ширкат ва мубориза дар интихоботи рӯзи 27 феврал маҳрум намуд,
ва бо дастури додситонии кулл, номи ӯ аз рӯйхати номзадҳои Ҳизби Демократ берун оварда шуд.

Раҳматуллоҳ Валиев - муовини раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон мегӯяд, боздошти Муҳамҳмадрӯзӣ Искандаров ангезаи сиёсӣ дошта ва ҳадаф аз боздошти ӯ роҳ надодан ба ширкати вай дар интихобот будааст. Аммо, мегӯяд Раҳматуллоҳ Валиев, Ҳизби Демократ ҳамчунон дар ҳоли мухолифати созанда бо ҳукумат боқӣ хоҳад монд: "Мо зидди он ҳастем, ки раҳбари давлат раиси ягон ҳизб бошад. Дар ягон давлати тараққикардаи демократӣ чунин нест, бояд аз ин даст кашем."
Ҳизби Демократи Тоҷикистон танҳо аз тариқи ҳавзаи умумҷумҳуривӣ 4 номзад пешбарӣ кардааст. Дар рӯйхати ҳизбӣ аввал исми Ҷумъабой Ниёзов, баъдан асомии Раҳматуллоҳ Валиев, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров ва Мамлакат Ҷайчиева ҷой ёфтаанд. Ҳизби Демократ ба ин бовар аст, ки дар ин интихобот барои вуруд ба парлумон раъйи кофии мардумро соҳиб хоҳад шуд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG