Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуоти чопии Қӯрғонтеппа ва таблиғоти номзадҳо ба порлумон


Чаҳор рӯзномаи ҳукуматӣ ва як нашрияи мустақил, ки дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон ҷиҳати дастрасии мардум ба иттилоот миёни ҳам рақобат доранд, расонаҳои аслии чопии минтақа номбар мешаванд. Дар аксари навоҳии вилоят нашрияҳои мутааллиқ ба ҳукуматҳои маҳаллӣ из фаъоланд, аммо доираи дастрасиашон танҳо дар ҳудуди он ноҳияҳо маҳдуд мешавад.
Абдувалӣ Абдулвоҳидов, сардабири рӯзномаи «Хатлон» нашрияи ҳукумати вилояти Хатлон мегӯяд, дар арафаи интихобот муассиси нашрия пуштибонии молии рӯзномаро афзоиш додааст, то он мунтазам нашр шавад. Ба гуфтаи ӯ, теъдоди нашри рӯзнома ба 1650 нусха расидааст.
Аммо ин дар ҳолест, ки вилоят аҳолии зиёд дорад ва рӯзномаи "Хатлон" танҳо ба онҳое, ки ба рӯзнома обуна шудаанд, тақсим мешавад. Оқои Абдулвоҳидов дар мавриди омодагии рӯзнома ҷиҳати инъикоси ҷараёни маъракаи интихоботӣ гуфт, феҳрасти номзадҳо ба вакилии маҷлиси вилоятро ба нашр расонидаанд ва омодаи онанд, ки таблиғи номзадҳоро сарфи назар аз мансубияташон ба ҳизбҳо роҳандозӣ кунанд. Аммо то кунун номзаде барои тарғиби барномаҳои хеш ба онҳо муроҷиат кардаанд.

Дар ҳамин ҳол бетаваҷҷӯҳии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси Намояндагон ҷиҳати таблиғоти худ дар се нашрияи дигари ҳукумати вилоят эҳсос мешавад. Солиҷон Комилов, сардабири рӯзномаи «Дӯстлик», нашрияи узбакзабони ҳукумати вилояти Хатлон гуфт, ҳарчанд рӯзнома ҳар ҳафта нашр мешавад ва дар он санадҳои марбути интихобот нашр шудаанд, аммо ҳеҷ як номзад барои ташвиқоти худ ба рӯзнома муроҷиат накардааст. Рӯзномаи «Дӯстлик», бо теъдоди 300 нусха нашр ва комилан аз тариқи обуна паҳн мешавад ва ин дар ҳолест, ки ҳудуди 25 дарсади сокинони Хатлон ӯзбакзабонанд ва «Дӯстлик» ягона нашрияи вилоят ба ин забон мебошад.

Вале Ҷумъабек Эҳсонов, сардабири рӯзномаи «Новый Хатлон» нашрияи русзабони ҳукумати вилоят, аз пуштибонии раиси вилоят ҷиҳати нашри рӯзномаҳо ситоиш кард. Вай гуфт, онҳо адади нашри рӯзномаро ба 600 нусха расондаанд ва бо қарори ҳукумати вилоят шурӯъ аз моҳи январи соли ҷорӣ ҳар ҳафта рӯзномаро ба нашр мерасонанд ва ҳатто нашрия дар баъзан маврид дар ҳаҷми ҳашт саҳифа чоп мешавад.

Аммо Абдулвоҳид Саидов, муовини сардабири рӯзномаи «Набзи Қӯрғонтеппа», нашрияи ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бо иллати камбуди маблағ наметавонанд, теъдоди рӯзномаро аз 300 нусха бештар афзоиш диҳанд ва ҳамзамон маъракаи интихоботии парлумони кишварро муассир акс намоянд.

Ва дар ҳамин ҳол «Бомдод», ягонаи нашрияи мустақили Хатлон, ки бо пуштиболнии молии Созмони Амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо аз моҳи сентябри соли гузашта шурӯъ ба нашр кардааст, фаъол ба назар мерасад. Ба гуфтаи Давлат Шоҳэътиборов, сардабири рӯзнома Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо маблағи давраи дуввумро ба рӯзнома ироа карда ва теъдоди рӯзномаро ба 2000 нусха ва ҳаҷми нашрро ба 12 саҳифа расонид.

Оқои Шоҳэътиборов, аз муроҷиати номзадҳо ба рӯзнома ҷиҳати таблиғ дар маъракаи интихоботӣ қаноатмандӣ изҳор кард ва гуфт, ҳатто дар баъзан шумораҳо имкони нашри барнома ва муаррифии ҳамаи номзадҳоро пайдо карда наметавонанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, муассис ва пуштибони рӯзнома нашри барнома ва матолиби таблиғотии номзад ва аҳзобро дар нашрия ройгон ба роҳ мондааст.
Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон низ аз камтаваҷҷӯҳии аҳзоб ва номзадҳо ҷиҳати роҳандозии маъракаи таблиғотӣ аз тариқи расонаҳои хабарӣ изҳори нигаронӣ карда аз онҳо даъват ба амал овард, то аз василаи муассири муаррифии худ ба мардум истифода намоянд.
XS
SM
MD
LG