Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фавти чаҳор зойири тоҷик дар Макка


Одилхон Алиев - намояндаи Кумитаи дини Тоҷикистон дар вилояти Суғд гуфт, ки чаҳор нафар аз ҷумлаи беш аз 1300 зойир аз ин минтақа ба сабаби солхӯрдагиву беморӣ ҳангоми адои маросими Ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ вафот кардаанд ва зойирони дигар саломат ба Тоҷикистон баргаштаанд. Ба гуфтаи оқои Алиев, ду тан аз фавтидагон нафароне будаанд, ки пас аз табобат дар беморхона мустақиман озими Арабистони Саудӣ шудаанд.
Вай мегӯяд, намояндагии Кумитаи дин дар вилояти Суғд ба мақомоти масъули кишвар пешниҳод кардаанд, дар маросимҳои оянда қабл аз сафари Ҳаҷ ташхиси тиббии хоҳишмандони сафар ҷиддан ба роҳ монда шавад.
Одилхон Алиев афзуд, онҳо ҳамчунин пешниҳод кардаанд, ки пирамардони аз синни 85-сола болоро ҳангоми адои фаризаи Ҳаҷ ҳатман яке аз наздикони ӯ ҳамроҳӣ кунад.
Дар маросими Ҳаҷи имсола тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути ҳавопаймоҳои мусофирбар мустақиман ба шаҳри Ҷидда сафар карданд ва шароити будубоши онҳо низ нисбат ба солҳои пешин ба маротиб беҳтар будааст. Аммо қиммати сафари Ҳаҷ аз 1200 доллари соли гузашта ин навбат то 1750 доллари амрикоӣ боло рафт. Ба гуфтаи Одилхон Алиев, талоши даҳҳо нафар аз сокинони вилояти Суғд, ки мехостаанд, бо роҳи нисбатан арзон тавассути Қирғизистон ва Қазоқистон ба Макка сафар намоянд, бебарор анҷом ёфтааст. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар он кишварҳо визаи Арабистони Саудиро ба даст оварда натавониста, ночор ба ватан баргаштаанд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG