Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Марзҳои сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистон. "Ҳуввияти тағйирёбанда" чист? Чаро "най ҳадиси роҳи пурхун мекунад"?


Олими норвегӣ Орне Ҳойген дар китоби нави худ, "Таъсиси ҷамоҳири миллӣ дар Осиёи Марказии Шӯравӣ" сарнавишти тоҷиконро дар тақсимбандии миллию марзии минтақа ғамангезтарин ҳодиса меномад ва бар ин аст, ки агар ҳама миллатҳо бо ҳар роҳ дар пайи ишғоли қаламрави васеътар буданд, ин хосият гӯё ба тоҷикон рабт надошт. Вай масъалаи "ҳуввияти тағйирёбанда" ва нотифоқии тоҷикон ва ё ба истилоҳ, "марзношиносию дар марзи маҳалли худ маҳдуд будани тоҷиконро ҳамчун омилҳои шикасти онҳо матраҳ кардааст.
Дар моварои гуфтугӯи мо бо Орне Ҳойген, устоди Донишгоҳи Бергени Норвегия, шумо метавонед, гузориши хабарнигоронро аз вазъ дар марзҳои Тоҷикистон шунавед. Як сӯ қочоқи маводи мухаддир ва одамдуздӣ, як сӯ ба Чин бахшидани замини тоҷикон, як сӯ ҳалокати тоҷикон аз таркиши минаҳои марзӣ...
Дар байни ин сӯҳбатҳо садои раҳгузарони кӯчаҳои Душанбе баланд хоҳад шуд, дар ҷавоб ба ин савол: "Оё ду ҳамсояро танҳо сояи муштарак бо ҳам васл мекунад ва оё дар садаи 21 низ ҳамсоя маънии ҳамнафас, ҳамдил, ҳамнишин, ҳамдард, ҳамовард, ҳамсоз, ҳамроз, ҳамоҳанг, ҳамфикр, ҳамтабақ ва ҳам-ҳамҳои дигарро низ дорад?"
Ҳамсояи хуб давлат аст ва ҳамсоядорӣ ҳунар, мегӯянд солдидагон. Ин ақида ҳам дар бораи одамон аст ва ҳам дар бораи кишварҳо.
Сарвазири Канада Жан Кретйен боре бо ишора ба Амрико гуфта буд, кишвараш дар сояи фил ба сар мебарад ва орзу надорад, ки фил аз як паҳлӯ ба паҳлӯи дигар ғел занад.
Дар ҷараёни таҳияи ин барнома ба онҳое, ки дар поёни саҳифаи интернетии мо имзо мегузоранд, нома фиристодам, ки оё марзҳои Тоҷикистон то куҷо паҳн мешаванд ва оё тоҷикони берун аз Тоҷикистон ҳаққи шаҳрвандии расмии Тоҷикистонро доранд?
Фаррух Фаттоев ба мо навишт, дарвоқеъ вақте тоҷикон мегӯем, гӯё танҳо Тоҷикистонро дар назар дорем, аммо миллионҳо тоҷик дар берун аз он ба сар мебарад ва дар ҳоле ки марзҳои сиёсӣ моро ҷудо мекунанд, бояд марзҳои фарҳангӣ омили иттиҳод гарданд. Орзу дорам, созмонҳои фарҳангие таъсис шаванд, ки ба ҳифзи забону фарҳанги тоҷикӣ дар берун аз Тоҷикистон мадад кунанд, навиштааст Фаррух Фаттоев.
Аммо Юсуфи Қубодиёнӣ навишт, инки мо ҳамеша мегӯем, Самарқанд ва Бухоро моли мост, дигар ғайримантиқист, зеро аз тарафи худи тоҷикони ин шаҳрҳо алоқа ва эҳсоси ҳуввиятмадорӣ намебинем. Ва танҳо рӯзе, ки ба як кишвари пешрафта табдил шавем на танҳо онҳо ба мо майл пайдо хоҳанд кард, балки ғайритоҷикон низ орзуи шаҳрвандии Тоҷикистонро хоҳанд парвард.
Дар ҳамин ҳол Сайф, аз Ӯзбакистон навишт, шаҳрвандии Тоҷикистон орзуи доимии ӯст. Давлати Тоҷикистон ба мо ҳеҷ кӯмаке намекунад, лоақал ҳамин пешниҳодро ба миён гузорад барои ҳифзи ҳуқуқи мо, навиштааст Сайф ва порчаҳои пурдарде аз ашъори шоири тоҷики Ӯзбакистон Умари Раҳим иқтибос овардааст.
Абдулазиз Неъматов, донишҷӯи тоҷик аз таърихи марзҳои сиёсии тоҷикон сухан гуфта, ишора ба коҳиши он то ба ҳаҷми имрӯза кардааст.
Ва Иршоди Интиқод аз шаҳри Душанбе навишт, марзҳои сиёсию фарҳангии Тоҷикистон ба аксари кишварҳои ҷаҳон паҳн мешаванд, аммо шаҳрвандии кишвар ба тоҷикони саршиноси хориҷ аз Тоҷикистон тақдим карда шавад, барои хидматҳояшон.
Ташаккур ба ҳамаи онҳое, ки андешаҳои худро ба мо навиштанд, кӯшиш мекунем, шакли пурраи номаи онҳоро дар ояндаи наздик дар саҳифаи интернетии худ нашр кунем.
Садои худро ва садои мусоҳибони барномаи Ҳамнафасро шунидан мехоҳед? Пас ин ҷумлаи хурди сабз, вале боҳимматро клик кунед.
XS
SM
MD
LG