Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ифтитоҳи намояндагии ширкати ҳавопаймоии "Сибир" дар Душанбе


Понздаҳуми феврал дар шаҳри Душанбе намояндагии ширкати ҳавонавардии Русия мавсум ба "Сибир" дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд. Владимир Пежуков - сардори департаменти ҳавонавардии вазорати нақлиёти Русия, гуфт, таҳким ва тақвияти иртиботи ҳавоӣ миёни ин кишвар бо Тоҷикистон як амри зарурист, зеро густариши равобити иқтисодӣ, афзоиш пайдо кардани мусофирати сокинони ҳарду кишвар ба қаламрави ҳамдигар авомиле мебошанд, ки заминаро дар ин самт мусоид кардаанд. Аз сӯи дигар афзуд оқои Пежуков, дар вазъияти кунунӣ на ҳама ширкатҳои ҳавонавардӣ аз ҷумла ширкати ҳавоии Тоҷикистон тавонистааст, дараҷаи хидматгузорӣ ба мусофиринро беҳтар созад.

Аммо Владимир Сегедин як масъули ширкати ҳавонавардии Сибири Русия гуфт, дар пайи омӯзиш итминон ҳосил шуд, ки ифтитоҳи намояндагии ин ширкат дар Тоҷикистон муфид хоҳад буд, зеро ширкати ҳавонавардии Тоҷикистон бо имконот ва шароите, ки дорад, наметавонад талаботи мусофиринро қонеъ созад:
«Аввал ин аст, ки мусофират дар хатти сайри Новосибирск- Душанбе ва Маскав - Хуҷанд ниҳоят бисёр аст ва талабот дар ин масири ҳавоӣ ҳамарӯза рӯ ба афзоиш аст ва баъдан ин тақозои бозор мебошад. Мо ин ҳамаро омӯхтем ва ҳамчунин барандаи як озмуни махсус шуда сипас дар Душанбе намояндагии худро ифтитоҳ кардаем.»

Равшан Ҳоҷиев - намояндаи ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон ифтитоҳи намояндагии ширкати ҳавонавардии "Сибир" -и Русияро дар рафъи мушкилоти интиқоли мусофирин махусан муҳоҷирини кори тоҷик муҳим арзёбӣ кард. Вай гуфт, ин ширкат ҳадди ақал бист фоизи қиммати чиптаҳоро дар муқоиса бо нархи чиптаи ширкати ҳавоии Тоҷикистон коҳиш хоҳад дод. Вале дар ҳеҷ сурат ин дар фаъолияти ширкати ҳавоии кишвар зиён нахоҳад овард. Зеро теъдоди хоҳишмандони мусофират бо роҳи ҳавоӣ ба самти Русия хеле зиёд мебошад.
Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, ширкати ҳавонавардии "Сибир"- и Русия яке аз ду ширкати бузурги Русия ба шумор меравад, ки дар 8 кишвари Иттиҳоди Давлатҳои мустақил Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон Украина Тоҷикистон ва Қирғизистон пайваста парвозҳо анҷом медиҳад. Дар ҳоли ҳозир ҳавопаймоҳои ин ширкат ҳафтае шаш маротиба аз шаҳрҳои мухталифи Русия ба Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоби Тоҷикистон мусофиринро интиқол медиҳад.
XS
SM
MD
LG