Пайвандҳои дастрасӣ

Хароб шудани 8 манзил дар ноҳияи Ҷомӣ


Барфрезии рӯзҳои ахир сабаби тахриби 8 манзил дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии Хатлон шудааст. Ҷамила Тилоева, корманди дафтари матбуоти вазорати ҳолоти изтирории Тоҷикистон гуфт, дар натиҷа беш аз 60 нафар бесарпаноҳ мондаанд.
Ба гуфтаи хонум Тилоева, дар минтақаи офатзада кормандони ситоди ҳолатҳои изтирории ноҳия ҷиҳати кӯмак ба зарардидагон навбатдории шабонарӯзӣ таъсис намудаанд.
Дар ҳамин ҳол, вазорати ҳолоти изтирорӣ иттилоъ медиҳад, ки дар ноҳияи Ҷомӣ бемории домана дубора хуруҷ карда ва 25 нафар, аз ҷумла 10 кӯдак ба ин беморӣ печидаанд. Ҷамила Тилоева гуфт, сабаби сар задании домана дар ин минтақа истифодаи оби нопок будааст. Аммо Насиба Ғуломова, корманди маркази матбуоти вазорати беҳдошти Тоҷикистон гуфт, 39 нафар дар бемористони марказии ноҳияи Ҷомӣ бо гумони сирояти домана хоб будаанд. Як моҳ қабл деҳаи Сотсиализми ноҳияи Ҷомӣ хуруҷи бемории домана наздики 100 нафарро бистарӣ карда буд ва баъдан вуҷуди домана дар бадани 40 нафари онҳо ошкор шуд.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG