Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари интихоботро ба Урал кӣ мебарад?


Екатеринбург Беки Раҳмонӣ

Фаррух Мирзоев, раиси ҷамъияти миллии тоҷикони минтақаи Урал мегӯяд, беш аз 65 000 муҳоҷири тоҷик, ки дар минтақаи Урали Федератсияи Русия ба сар мебаранд, аз пешбарии намояндагони худ ба парлумони Тоҷикистон дар канор мондаанд. Ба гуфтаи ӯ, муҳоҷирон доир ба интихоботи қарибулвуқӯъи Тоҷикистон огаҳии кам доранд: "Танҳо медонем, ки 27 феврал интихобот баргузор мешавад, аммо доир ба намояндаҳо, барномаҳои онҳо ҳеҷ хабар надорем. Ҳоло эҳтимолан дар минтақаи Урал беш аз 65 ҳазор раъйдиҳанда зиндагӣ мекунанд." Дар посух ба суоли ин ки раъйдиҳандагони тоҷик дар интихоботҳои қаблӣ дар ин минтақа чӣ гуна овоз доданд, Фаррух Мирзеов гуфт: "Вақти баргузории раъйпурсӣ аз сафорати Тоҷикистон ва намояндаҳои ҳукумати Тоҷикистон омада, дар ин ҷо ташвиқот бурда буданд, аммо доир ба интихоботи парлумонии моҳи феврал ягон хабаре ҳам нест."

Мусоҳиби дигари хабарнигори бахши тоҷикиии Радиои Озодӣ дар Екатеринбург Мастибегим Файзуллобекова, муовини раиси ҷамъияти миллии "Дидор"-и Урал мегӯяд: "Мо доир ба баргузории интихоботи порлумонии Тоҷикистон хабардор ҳастем, вале намедонем, ки барои шумори зиёди шаҳрвандони тоҷик дар Русия ин интихобот чӣ гуна сурат мегирад?"
Муҳаммади Эгамзод - сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар ин бора мегӯяд: "Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар калонтарин шаҳру вилоятҳои ин кишвар, ба монанди шаҳри Маскав, вилояти Маскав, Санкт-Петербург, Новосибирск, Кемерово, Перм, Екатеринбург, Ярославл, Астрахан, Твер ва Самара нуқтаҳои овозидиҳиро ба роҳ мемонад. Бояд гуфт, ки унвонии раҳбарияти ин вилоятҳо номаи расмии сафорат ирсол шуда ва аз онҳо тақозо шудааст, дар баргузории раъйдиҳӣ мусоидат кунанд. Охири ин ҳафта намояндагони сафорат ба ин минтақаҳо сафар хоҳанд кард."

Дар ҳамин ҳол дафтари намояндагии вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар минтақа хабар дод, ки номаи расмии сафири Тоҷикистон дар Русия барои ҳамдастӣ дар баргузории интихоботи порлумонӣ дар миёни муҳоҷирони тоҷик ба губернатори вилояти Свердловск расидааст ва Асрор Одинаев, намояндаи консулгарии Тоҷикистон раиси қитъаи интихоботӣ дар вилояти Свердловск таъйин шудааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG