Пайвандҳои дастрасӣ

Гузориши дуввум доир ба қонуншиканиҳо дар маъракаи интихобот


«Маркази Ҷамъиятии Мушоҳида ва Назорат бар Интихобот» дуввумин гузориши худ аз раванди иҷрои тавофуқнома дар мавриди тарзи муносибат дар ҷараёни интихоботи порлумонӣ миёни аҳзоби сиёсиро мунташир кард. Дар ин гузориш далоиле дар мавриди истифодаи моликияти ҷамъиятӣ аз ҷониби бархе номзадҳо, нақзи қонун дар ҷараёни сабти номи доваталабони аҳзоби мухолиф, инчунин мавориди фишор ба интихобкунандагон ва талоши бархе номзадҳо барои харидани раъйи онҳо бар ивази гузаронидани хати обу барқ оварда шудааст.
Латифи Ҳадязода - раиси маркази мазкур зимни муаррифии гузориш дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, масъули яке аз ҳавзаҳои интихоботии Душанбе шаҳодатномаи номзадиро ба номзади Ҳизби Демократи Тоҷикистон надода ва бо дуруштӣ ӯро аз ҳавза рондааст.
Тибқи иддаои дигари аҳзоби мухолиф, комиссияи ҳавзавии ноҳияи Шоҳмансури Душанбе 200 нафарро барои мулоқот бо номзадҳои Ҳизби Халқӣ-Демократӣ дар як мактаби шаҳр ҷамъ овардааст ва раиси он ноҳия аз раъйдиҳандагон хостааст, ки ба номзадҳои ҳизби ҳоким раъй диҳанд.
Дар ҳамин ҳол Раҳматулло Зойиров - раиси Ҳизби Сотсиал-Демократ мегӯяд: ҳизбаш бинобар радди салоҳият шудани номзади он Файзинисо Воҳидова аз ҷониби комиссияи интихоботӣ ба Додгоҳи Олӣ муроҷиат кардааст. Комиссияи интихоботӣ номзадии Воҳидоваро ба далели он ки моликияти манқул ва ғайри манқулашро дар эъломияи молиётӣ нишон надодааст, рад намуда буд. Аммо оқои Зойиров мегӯяд, ин моликият танҳо хоси шавҳари Воҳидова будааст ва радди салоҳият шудани ӯ хилофи қонун аст.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG