Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии аҳзоби мухолиф аз усули ташкили комиссияҳои қитъавӣ


Масъулини Эътилофи аҳзоби сиёсӣ барои интихоботи шаффофу демократии Тоҷикистон ташкили ҳайъати комиссияҳои қитъавӣ бо пешниҳоди мақомоти маҳаллӣ ва ҷо наёфтани аъзои ин ҳизб дар комиссияҳоро сабаби аслии бо тақаллуб сурат гирифтани интихоботи порламонӣ дар ин кишвар арзёбӣ мекунанд.
Дар Тоҷикистон се ҳазор қитъаи раъйдиҳӣ ташкил шудааст, ки ҳар яке аз 5 то 19 нафарӣ узв доранд, аммо нафаре аз аъзои эътилофи аҳзоби сиёсӣ ба ҳайъати ягон комиссияи қитъавӣ ворид нашудааст. Дар маҷмӯъ комиссияҳои интихоботӣ дар кишвар 27 ҳазор узв доранд.
Ҳикматулло Сайфуллозода - раҳбари дастгоҳи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мақоми қитъаҳои раъйдиҳӣ дар натиҷагирии интихоботро ҳалкунанда хонда гуфт, бидуни риояти усули баробарии аҳзоб дар ташкили комиссияҳои қитъаҳо гумон аст, интихобот шаффофу мунсифона ҷамъбаст шавад.
Ба ақидаи Раҳматулло Валиев - муовини раиси Ҳизби Демократ, вақте ҳайъати комиссияҳои қитъаҳо бо пешниҳоди мақомоти маҳаллӣ - раиси ҷамоа, шаҳр ва навоҳӣ ташкил мешаванд ва ҳамаи ин руасо аъзои Ҳизби Халқӣ-Демократӣ мебошанд, табиист, ки ҷонибдорони аҳзоби мухолифро ба марокизи раъйдиҳӣ роҳ нахоҳанд дод.
Раҳматулло Зойиров - раиси Ҳизби Сотсиал-Демократ, яке дигар аз аҳзоби узви Эътилоф барои интихоботи шаффофу демократӣ мегӯяд, ташкили ҳайъати комиссияи қитъаҳо бо дастури мақомоти маҳаллӣ, як навъ мудохилаи мустақими ҳокимияти иҷроия ба раванди баргузории интихобот мебошад. Вай гуфт, ҳангоми таҳияи қонуни интихобот аҳзоби сиёсии мухолиф борҳо дархост карданд, ки намояндагони аҳзоб дар қитъаҳои интихоботӣ шомил бошанд, вале чун тақдири интихобот дар ҳамин қитъаҳо ҳал мешавад, ҳукумат ба ин пешниҳод розӣ нашуд.
Аммо Давлаталӣ Давлатов - муовини раиси Ҳизби Халқӣ-Демократӣ ба иддаои намояндагони аҳзоби мухолиф розӣ нест. Вай гуфт, ширкати васеи васоити ахбори умум ва ашхоси боэътимоди аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳои мустақил имкони тақаллубро дар натиҷагирии ин маърака ба сифр мебарад. Дар ҳамин ҳол Ҳизби Сотсиал-Демократ қасд дорад, Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистонро, ки шикояти Файзиниссо Воҳидова - номзади ин ҳизбро барои сабти ном бенатиҷа гузоштааст, ба додгоҳ бикашад. Ин ҳам дар ҳоле, ки як ҳайъати комиссияи мазкур ҷиҳати расидагӣ ба шикояти номзадҳои дигари ин ҳизб ба шаҳри Хуҷанд рафтааст.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG