Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маъракаҳои тарғиботии гарм дар Бадахшони сард


Агарчанде ҳарорати ҳаво дар Бадахшон ҳанӯз сард боқӣ мемонад, аммо маъракаи пешазинтихоботӣ торафт ба нуқтаи гармтарин наздик мешавад. Дар ду ҳавзаи интихоботии интихоби вакил ба Маҷлиси Намояндагон дар Бадхшон, дар яке чаҳор ва дар дигаре панҷ номзад аз ҳизбҳои халқӣ-демократӣ, сотсиал-демократ, наҳзати исломӣ ва номзадҳои мустақил ва теъдоди зиёди номзадҳо ба маҷлисҳои маҳаллӣ, ки дар байни онҳо намояндагони панҷ ҳизби сиёсӣ мавҷуданд, ҳар яке дар гарм кардани бозори таблиғотӣ саҳм мегузоранд.
Нуқтаи авҷи маъракаи таблиғоти интихоботии парлумони гузашта он буд, ки яке аз номзадҳо ба вакилии Маҷлиси Намояндагон бо нишони эътироз алайҳи фишори мақомоти маҳаллӣ ба ҷараёни маъракаи таблиғотӣ барномаи интихоботиашро дар пушт ва бари сина овехта, дар кӯчаҳои шаҳр ва бозор ба мулоқоти мустақим бо мардум пардохт.

Неъмат Амонбеков номзад ба вакилӣ аз ҳавзаи интихоботии Хоруғ, ки аз Ҳизби Наҳзати Исломӣ пешбарӣ шудааст, мегӯяд, фарқияти маъракаи интихоботии кунунӣ аз маъракаи интихоботи қаблӣ дар он аст, ки гаравпулӣ ва бархе монеаҳои дар тарҳи нави қонун пешгузошта аз ширкати бештари шахсиятҳои барҷаста дар интихобот ҷилавгирӣ ба амал овардааст. Ин ҳолат ба гуфтаи вай ба паст рафтани алоқамандии мардум нисбат ба интихобот чун як маъракаи муҳими сиёсӣ шудааст. Агар дар ҳавзаҳои интихоботӣ номзадҳо ба вакилии парлумон аз поймол шудани ҳуқуқашон шикоят накардаанд, аммо номзадҳо ба вакилии маҷлисҳои маҳаллӣ ҳолатҳои талаб намудани ҳуҷҷатҳо доир ба пардохтани ҳаққи истифода барқу газ ба хотири таъмини ширкати мансабдорон дар интихобот бидуни рақиби эҳтимолии қавӣ, таъсиррасонӣ ба номзадҳои алтернативӣ ҷой доштааст.
Шодмонбек Ҷонибеков узви комиссияи интихоботии вилоятӣ гуфт: "Дар рӯзномаҳо бояд ҳайъати комиссияҳо, ҳайъати ҳавзаҳои интихоботӣ нашр мешуд, то мардум огоҳӣ меёфтанд. Лекин бисёрии ҳизбҳои сиёсӣ намедонанд, ки ин ҳавза кадом рақам дорад, чӣ ном дорад. Барои ҳамин бисёр нобасомониҳо дар ин ҷо ҳаст. Бисёре аз раисони ҳавзаҳое, ки интихоб шуданд, хабар надоранд, ки онҳоро раиси ҳавза интихоб кардаанд."

Дар ҳамин ҳол оё номзадҳо ба вакилӣ ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ ба баргузории интихоботи демократӣ ва шаффоф боварӣ доранд? Ба ақидаи номзад ба вакилӣ Неъмат Амонбеков, агарчанде дар ҷараёни маъракаҳои тарғиботӣ дахолати намояндагони ҳукуматӣ камтар эҳсос мешавад, аммо мақомоти маҳаллӣ ҳанӯз роҳҳои таъсир ба натиҷаҳои интихоботро доро ҳастанд. Алиф Шерзамонов, ки аз ҷониби Ҳизби Сотсиал-Демократ номзад ба парлумон пешниҳод шудааст, ширкати аҳзоби бештарро дар интихоботи кунунӣ омили пешгирикунанда аз таққалубкорӣ арзёбӣ мекунад: "Аз замони соҳибистиқол шудани Тоҷикистон таври маълум то ҳозир дар кишвар ягон интихобот ва раъйпурсии беғаразона нагузаштааст. Вале ин дафъа умед зиёдтар аст, чунки шаш ҳизби номнависшуда фаъолона дар ин маърака иштирок меварзанд. Ва боварӣ ҳаст, ки онҳо саҳми худро дар шаффоф гузаронидани интихобот мегузоранд."

Аммо ба гуфтаи номзад ба вакилии Маҷлиси Намояндагон Ғарибшо Ғарибшоев, бо назардошти таҷрибаи талхи интихоботи гузаштаи парлумонӣ ба баргузории интихоботи озоду шаффоф дар Бадахшон боварии хеле кам мемонад. Муовини аввали раиси Ҳизби Халқӣ-Демократӣ дар Бадахшон Абдулҳусейн Худоиев дар посух ба иддаои рақибони ҳизбиаш, ки ҳизби онҳоро барои бо ҳар роҳу восита соҳиб шудан ба раъйи мардум муттаҳам мекунанд, изҳор намуд, ки Ҳизби Халқӣ-Демократӣ дар минтақа тайи солҳои ахир на фақат аз ҷиҳати шумора, балки сифатан рушд кардааст ва ин омил гарави пирӯзии намояндагони ҳизб дар интихобот мебошад:
"Дар ҳавзаи 40 ва 41-ум аз ҳизби мо нафарони шинохта дар Бадахшон ва умуман Тоҷикистон пешниҳод шудаанд. Аз рӯи ҳамин ҳам дар маҷлисҳои маҳалливу вилоятиву ноҳиявӣ шумораи номзадҳои пешниҳодшуда аз Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон қариб панҷ-шаш баробар аз дигар ҳизбҳо зиёдтар аст."

Дар ҳамин ҳол Неъмат Мирзоев як тан аз муҳоҷирин, ки муваққатан аз Русия ба зодгоҳаш баргаштааст, мегӯяд, мардум аз интихобот огаҳии ниҳоят кам доранд. Вай бӯҳрони иттилоотӣ ва пойбанд будани мардум ба мушкилоти рӯзгорро сабаби ба вуҷуд омадани чунин вазъият дар ҷомеа мешуморад: "Мардум бинобар мушкилии рӯзгор ҳатто дар фикри интихобот ҳам нестанд. Ҳатто одамон номзадҳои худро намедонанд." Дар чунин ҳолат ягона роҳ барои ҷалби таваҷҷӯҳи интихобкунандагон мулоқоти мустақим бо мардум мемонад ва номзадҳо ба вакилӣ кӯшиш мекунанд, аз чунин имконият ҳарчӣ бештар истифода баранд. Аммо баъди хусусигардонӣ ва тахриб шудани муассисаҳои фарҳангӣ дар деҳот дар бисёр маворид ҷойи ҷамъшавии мардум барои сӯҳбат бо номзадҳо хонаи шаҳрвандон боқӣ мемонад. Бисёр вақт дидан мумкин аст, ки дар як деҳа ва дар як хона депутати эҳтимолии парлумони Тоҷикистон бо ҷонибдоронаш дар мулоқот бо мардум мегӯянд, ягона роҳи пешравии ҷомеа ва ҷилавгирӣ аз фасод воридшавии намояндагони аҳзоби мухолиф ва номзадҳои мустақил ба парлумони кишвар буда, интихобкунандагон бояд чунин вакилонро дастгирӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG