Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо ва дидбонии марзи Тоҷикистону Афғонистон


Тибқи хабари дафтари матбуоти Кумисюни Аврупо раиси ин ниҳод дар Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон Алан Ваддамс рӯзи 14-уми феврал ба Тоҷикистон сафар мекунад ва тайи чаҳор рӯз бо мақомоти ин кишвар барномаи ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро баррасӣ менамояд. Дар ин мулоқотҳо барномаҳои ду соли оянда дар масъалаҳои иқтисодӣ ва кишоварзӣ мавриди баҳс қарор мегиранд. Ҳамчунин Ваддамс дар конфаронси кӯмакҳои байнулмилалӣ ба Тоҷикистон, ки бояд рӯзҳои сешанбе ва чаҳоршанбе баргузор шавад, ширкат хоҳад кард. Тарҳрезии ин ёриҳо ба мусоидати кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар таҳкими дидбонии марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон марбут хоҳад шуд. Ин барнома замоне ба миён омад, ки назорати марз аз ихтиёри марзбонони Русия ба дасти марзбонони Тоҷикистон гузашт.
Иттиҳоди Аврупо аввалин созишномаи ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соли 1989, дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ имзо карда, дар солҳои баъдӣ дар самтҳои ислоҳоти иқтисодӣ, саноат, нақлиёт, тиб ва маориф ба Тоҷикистон мадад расондааст. Дар соли 1997 барномаи машҳури ТАСИС-и Иттиҳоди Аврупо зимни мушкилоти амниятӣ дар Тоҷикистон баста шуда, танҳо дар соли 2003 аз сар гирифта шуд. Танҳо дар соли 2001 Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон дар ҳаҷми наздик ба сад миллион евро кӯмак карда, ҳоло аз сармоягузорони муҳими барномаи коҳиши фақр мебошад.
XS
SM
MD
LG