Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Деҳаҳои кӯҳистони тоҷик дар муҳосираи барф мондаанд


Ноҳияи Тавилдараи Тоҷикистон аз ҳар чаҳор самт дар муҳосираи баҳман ва ё барфкӯчҳои бузург монда, ҳамаи робитаҳои он бо ҷаҳони беруна канда шудаанд. Вазири вазъиятҳои фавқулоддаи Тоҷикистон Мирзо Зиёев гуфт, ҳоло ягон кас дар ҷумҳурӣ дар бораи вазъи куллии шарқи Тоҷикистон тасаввуроти пурра надорад.
Аз сеюми феврал ба ин тараф тарма сабаби ҳалокати 12 нафар гашта, хатҳои барқу телефонро кандааст. Ҳамроҳи барф сангу рег аз кӯҳҳои канда шуда, роҳҳоро банд мекунанд. Барф дар баъзе аз ҳиссаҳои роҳ то ду метр баландӣ дорад. Пайиҳам фуруд омадани барф кӯшишҳои тоза кардани роҳҳоро бесамар мегардонад. Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон наздик ба чаҳор ҳазор нафар аз маҳалҳои офат кӯчонида шуданд.
Аз сӯи дигар бо сабаби бад будани обуҳаво чархболи вазорати вазъиятҳои фавқулодда як ҳафта аст, ки наметавонад ба маҳалҳои офат парвоз кунад. Аз ин рӯ ба онҳое ки дар деҳоти дурдаст дар муҳосираи барф мондаанд, кӯмак расондан номумкин мебошад. Ба иттилоъи мақомоти давлати Тоҷикистон наздик ба 200 ҳазор нафар аз сокинони кӯҳистон ҳоло шадидан ба мадад ниёз дорад. Ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Ҷиргатол, Ғарм, Шӯробод ва Файзобод минтақаҳои офат эълон шудаанд.
XS
SM
MD
LG