Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯйдодҳои феврали 1990, мавсум ба "баҳманмоҳи хунин"


Дар рӯйдодҳои 11-18 феврали соли 1990 ба омори гуногун аз 24 то 26 нафар кушта ва даҳҳо тан захмӣ шудаанд.

Тазоҳуроти чандинрӯзаи мардум, ки шоми рӯзи 11 феврал дар маркази пойтахти Тоҷикистон оғоз ёфт, дар маҷмӯъ як ҳафта тӯл кашид ва танҳо рӯзи 18 феврал бо як гирдиҳамоии густарда дар паҳлӯи Кохи Борбад ба поён расид.

Мардум ибтидо бо талаботи иҷтимоӣ вориди майдони мухолифат бо ҳукумати коммунистии даври Тоҷикистон шуданд, вале вуруди нирӯҳои интизомӣ ба ин майдон ва ба хун нишондани издиҳоми гирдиҳамомада боис шуд, ки талаботи издиҳом басуръат ранги сиёсӣ бигирад ва дар рӯзи севвуми тазоҳурот мунҷар ба истеъфои се раҳбари аввали кишвар котиби аввали Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунист (КМ ҲК) Қаҳҳор Маҳкамов, раиси Шурои Олӣ Ғоибназар Паллаев ва сарвазир Изаттуллоҳ Ҳаёев шавад.

Аммо рӯзи 15 феврал КМ ҲК бо баргузории як пленуми ғайринавбатӣ аризаи истеъфои ин се раҳбарро лағв ва ҳама бори гуноҳро бар дӯши кумитаи 17-нафарие гузошт, ки байни давлат ва майдон дар он рӯзҳо миёнҷигарӣ мекард.

Таври маълум, ҳама розҳои он таҳаввулот ҳатто то имрӯз ошкор нашудаанд ва арзёбии он ҳаводис ҳам то кунун яксон нест. Ва агар як идда баҳманмоҳро талоши нахуст, вале барҳадар дар роҳи бедории миллӣ медонад, тоифаи дигар муътақид аст, ки бархӯрди нодуруст ва интихоби роҳи нодурусти ҳал дар феврали соли 1990 боис шуд, то Тоҷикистон қадам ба роҳе ниҳад, ки соли 1992 ин кишварро ба домани ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ овард. Ва ҳамин қурбониҳои беҳисоби ҷанги шаҳрвандӣ буда, ки нақши баҳманмоҳро бо 24 қурбониаш дар таърихи Тоҷикистони муосир агар комилан назудуда, пас хеле камранг кардааст.

Гуфтанист, ки дар он ҳаводис ва ҳамчунин дар таҳаввулоти баъдии Тоҷикистон нақши рӯшанфикрон, ба хусус аҳли адаб барҷаста буд. Вале чӣ авомиле буда, ки ин тоифаро ба минбари тазоҳуроту гирдиҳамоиҳо мекашид ва маҷбур мекард, дар чунин муборизаҳо қад алам кунанд? Ва аз нигоҳи имрӯз нақши аҳли зиёро дар он ҳаводис бо кадом рангҳо метавон тасвиру тавсиф кард?

Баъди чанд рӯзи ин ҳаводис дар Тоҷикистон интихоботи парлумонӣ доир шуд. Баъди ду солаш ин кишвар ба домани ҷанги чандинсолаи шаҳрвандӣ печид. Вале ин ҳама як қиссаи дигар, қиссаи комилан дигар аст.
XS
SM
MD
LG