Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷараёни маъракаи интихоботӣ дар вилояти Суғд


«Мо аз номзадҳои интихоботе, ки пешорӯямон ҳаст, рӯзи 27 феврал, миннатдор, чунки ба хонаҳои мо газ доданд. Аммо як хоҳиши мо ҳамин, ки барқу газ ҳама вақт дода шавад, на фақат дар ҳамин давраи интихобот».

«Ман аз номзадҳои интихоботӣ ҳолӣ ягон зарра ҳам хабарам нест. Ман аввал бо номзадҳо вохӯрам, барномаҳои онҳо ва ваъдаҳошона шуниданам даркор. Баъд ба кадоми онҳо хоҳам, овоз медиҳам. Бо барномаи онҳо шинос нашуда, чи хел овоз медиҳам ба онҳо? Ман ҳозир ягон номзадҳои маҳаллаамонро намешиносам.»

«Ман ҳам ҳолӣ дар бораи номзадҳоямон ягон хабар надорам.»

Аксари сокинони Хуҷанд дар сӯҳбатҳои сарироҳӣ бо Радиои Озодӣ гуфтанд, чизи асосие, ки интихоботи парлумонии 27 феврал дар Тоҷикистонро ба ёди онҳо меандозад, аз ибтидои моҳи феврал давоми тамоми рӯз интиқол ёфтани газ ба манзилҳои онҳо ва рӯшан шудани барқ барои рӯзона дар хонаҳои сокинони баъзе маҳаллаҳои шаҳр аст. Ҳукумати Хуҷанд мегӯяд, дар ин фасли сармо дигар интиқоли газ ба манзилҳои сокинони маркази устони Суғдро қатъ нахоҳад кард. Аммо сокинон ин тасмими мақомотро ба наздик омадани рӯзи баргузории интихоботи парлумонии кишвар марбут медонанд, зеро онҳо сардии тоқатшикани моҳи январро бе барқу газ дар манзилҳои сарду торики худ сипарӣ карда буданд. Ба ҷуз ин дар сари роҳу девори биноҳои Хуҷанд баъзе нишонаҳои интихоботӣ, ба мисли шиору навиштаҷот ба назар мерасанд, ки овоздиҳандагонро аз рӯзи баргузории интихоботи Маҷлиси Намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ огоҳ ва барои иштирок дар он даъват мекунанд.

Вилояти Суғд дорои шабакаи густардаи радиову телевизионҳои маҳалӣ, иборат аз як радиову телевизиони давлатӣ ва 12 расонаи электронии ғайридавлатӣ аст, аммо ин расонаҳо барномаҳои худро танҳо барои сокинони манотиқи марказии вилоят пахш мекунанд. Ба гуфтаи масъулини радиову телевизионҳои маҳалии Суғд, ин расонаҳо дар давраи интихоботӣ умдатан ба инъикоси масоили омодагии ҳавзаҳои интихоботии маҳалҳо ба баргузории интихобот ва даъвати овоздиҳандагон ба интихоботи машғул будаанд. Аксари шаҳру навоҳии дурафтодаи минтақаи шимолии Тоҷикистон дорои расонаҳои электронии худ нестанд ва нашрияҳои маҳаллии онҳо низ ба сабаби камбуди молиявӣ мунтазам ба нашр намерасанд.

«Ҳақиқати Ленинобод» ягона нашрияи вилоятист, ки дар давоми ҳафта 3 шумора ба нашр мерасонад ва Рафоат Ҳомидова - корманди ин нашрияи ҳукумати Суғд мегӯяд, муҳимтарин ҳодисаҳои давраи маъракаи интихоботӣ дар саҳифаҳои ин нашрия инъикос ёфтааст: «Аз рӯзҳои аввали оғози маъракаи интихоботӣ рӯзномаи мо ба хонандагон қарору дастурҳо, муқаррарот ва дигар санадҳои доир ба интихоботро нашр мекунад. Аз ҳамин рӯз сар карда, ба чопи барномаҳои ташвиқу тарғиботии номзадҳову ҳизбҳо ҳам сар кардем. Ба идораи рӯзнома 10 мавод омадагӣ аз намояндагони ҳизбҳои халқӣ - демократӣ, коммунистӣ, демократӣ ва наҳзати ислом. Мо ин маводҳоро дар ҳаҷми то 1 саҳифаи рӯзнома чоп мекунем, аммо агар маводи аз ин зиёд биёранд ҳам, имкони ба нашр расонидан дорем.»

Аммо ба гуфтаи масъулини ҳафтавори «Суғд» - ягона нашрияи мустақили вилоятӣ ба забони тоҷикӣ, аз он ки ин нашрия ҳафтае танҳо як маротиба ва дар ҳаҷми чаҳор саҳифа ба табъ мерасад, зимни нашри матолиби тарғиботии аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳои ҷудогона дучори мушкилот шудаанд. Ҷура Юсуфӣ - муовини сардабири «Суғд» меафзояд, як мушкили дигари онҳо камбуди барқ дар идораи нашрия аст, ки гоҳе дар рӯзи нашри ҳафтавор низ қатъ мегардад: «Ман ба ҳайси рӯзноманигор аз аҳволи деҳоти Суғд ҳам хабар дорам, ки ба сабаби набуди барқ аз дидану шунидану барномаҳои телевизион ва радиои Тоҷикистон дар давраи интихобот маҳруманд. Ва ман, ростӣ, бим дорам, ки дар рӯзи интихобот ҳам интиқоли барқ ба баъзе участкаҳои интихоботӣ қатъ нагардад.»

Сокинони манотиқи дурдасти Суғд ба сабаби душвории роҳ ва алоқа то марказ ба нашрияҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ низ дастрасии саривақт надоранд. Абдулло Фозил - сардабири нашрияи «Паёми Кӯҳистон» аз ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ мегӯяд, ягона нашрияи расмии ин маҳал дар Хуҷанд ба табъ мерасад, аз ин рӯ нашри он танҳо дар аввал ва охири моҳ ба роҳ монда шудааст. Вай афзуд, дар ин маҳал ягона василаи огоҳии мардум аз интихобот ва барномаҳои ҳизбу номзадҳо вохӯриву сӯҳбат бо онҳо аст: «Масалан, дар ҳар маҳал шахсони бовариноки номзадҳо дар маъракаву нишастҳо, дар сӯҳбатҳои сарироҳӣ барномаҳои номзадҳоро тарғиб мекунанд. На минбар асту на баландгӯяк, фақат бо мардум мешинанд ва сӯҳбат мекунанд. Фақат ҳамин қадар роҳи тарғиботӣ дорем мо.»
Аммо сокинони маҳалҳои дигари Суғд ҳам мегӯянд, ки интизории бештар аз вохӯрӣ бо номзадҳои ҳавзаҳои интихоботии худ доранд, ба он хотир, ки мехоҳанд, дар сӯҳбати рӯ ба рӯ дар назди номзадҳои худ мушкилоти рӯзмаррраи худ, аз қабили камбуди барқу газ, камии маошу нафақаи худро матраҳ кунанд ва аз онҳо пайи ислоҳи мушкилоти иҷтимоии худ ваъдаҳо бистонанд.
XS
SM
MD
LG