Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Питер Айкер аз Қонуни интихоботи Тоҷикистон


Питер Айкер, раҳбари миссияи нозирони Созмони амнияту Ҳамкории Аврупо, интихоботи парлумонии Тоҷикистонро назорат хоҳад кард, баъди мулоқот бо масъулони аҳзоби сиёсии Хатлон дар баробари ситоиш аз ҷараёни омодагиҳо ба интихобот дар минтақа, бархе аз бандҳои қонуни ҷадиди интихоботи Тоҷикистонро нигаронкунанда хонд.
Ба гуфтаи оқои Айкер, бо иллати гаронии гаравпулии интихобот, намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар, илло ҳизби ҳоким натавонистанд, номзадии худро пешбарӣ намуда, дар муборизоти интихоботӣ ширкат намоянд: "Бо иллати надоштани маблағи гаравпулӣ ва аз болои роҳбарон ва масъулони бархе аз ҳизбҳои сиёсӣ боз намудани парвандаи ҷиноӣ намояндагони ин аҳзоб аз ҳаққи ширкат дар интихобот маҳрум гаштаанд. Инчунин чопи чанд рӯзномаи мустақил манъ карда шудааст, ки ин аз масоили ҷиддии чи гуна ҷараён гирифтани интихобот аст ва ба рафти ин маърака бетаъсир намондааст."
Оқои Айкер ҳамчунин изҳор дошт, феълан дар ҷараёни маъракаи интихоботии ин кишвар баъзе норасоиҳо мавҷуданд ва ҳоло, ки имкон ҳаст, бояд онҳо бартараф карда шаванд. Гуфтанист, феълан 27 нафар аз миссияи нозирони интихоботии Созмони Амният ва Ҳамкори Аврупо, аз ҷумла ду нафар дар минтақаи Қӯрғонтеппаи Хатлон ҷараёни омодагиҳо ба интихоботи порлумонии Тоҷикистонро назорат доранд ва дар маҷмӯъ интихоботи ин кишварро 130 нафар нозирони ин созмон назорат хоҳанд кард.
Барот Юсуфӣ, Қӯрғонтеппа
XS
SM
MD
LG