Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳкум ба зиндон шудани муовини собиқи вазири дифоъ


Додгоҳи низомии Додгоҳи Олии Тоҷикистон муовини собиқи Ғаффор Мирзоев - фармондеҳи собиқи Горди Миллии Тоҷикистон ва муовини пешини вазири дифоъи ин кишвар, генерал Абдувалӣ Бегматовро ба 15 соли зиндон ва мусодираи молу мулк маҳкум кардааст.
Вайсиддин Фатҳуллоев - муовини раиси додгоҳи низомӣ ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, додрасон генерал Абдувалӣ Бегматовро тибқи чаҳор моддаи Кодекси Ҷиноии Тоҷикистон, дуздии моликияти давлатӣ ба миқдори бузург, сӯистифода аз мансаб, ҳифзи ғайриқонунии силоҳ ва бесалоҳиятӣ гунаҳкор донистанд. Ба гуфтаи додраси тоҷик, Додгоҳи низомӣ ҳамчунин амр додааст, то генерали зиндонӣ дуюним миллион сомонӣ ва ё беш аз 700 ҳазор доллари ба яғмо бурда аз давлатро баргардонад. Абдувалӣ Бегматов моҳи август чанд рӯз пеш аз боздошти генерал Ғаффор Мирзоев, ки ҳоло тафтиши парвандаи ҷиноии ӯ идома дорад, дастгир шуда буд.
XS
SM
MD
LG