Пайвандҳои дастрасӣ

Қазоқистон дар ҷустуҷӯи роҳҳои танзими оби рӯди Сир


Якбора сардшавии ҳаво ва боришоти барфи бисёр чун соли гузашта дар обанбори Чордара ва рӯдхонаи Сир сатҳи обро боло кард ва хатари зери об мондани баъзе манотиқи Қазоқистони ҷанубӣ ба вуҷуд омад. Ба гуфтаи коршиносон, омили асосии ба чунин сатҳи нигаронкунанда расидани оби рӯдхонаи Сир марбут ба обанбор ва нерӯгоҳи барқи Тухтагули Қирғизистон аст. Аз ҷумла Ғайрат Тарбаев - сухангӯи вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон мегӯяд, ки байни Қазоқистону Қирғизистон дар мавриди танзими истифодаи оби рӯдхонаи Сир, аз ҷумла оби обанбори Тухтагул соли гузашта тавофуқ ҳосил шуда буд, вале баробари сард шудани хаво ниёзи Қирғизистон ба нерӯи барқ бештар гардид.

Дар ин робита Ғайрат Тарбаев меафзояд, баробари тағйир ёфтан ва сард шудани обу ҳаво ҷониби Қирғизистон иқтидори пурраи нерӯгоҳи барқи Тухтагулро истифода кард, ки он мӯҷиби зиёд шудани ҳаҷми оби рӯдхонаи Сир дар дигар манотиқ гардид. Оқои Тарбаев мегӯяд, ки алъон ҷиҳати тавлиди нерӯи барқ аз нерӯгоҳи Тухтагул дар ҳар сония 740 мукааб метр об масраф мегардад. Ин дар ҳолест, ки тибқи тавофуқнома ҳаҷми истифодаи об набояд болиғ аз 600 метри мукааб бошад. Вале Мелис Ҳайдарқулов - коршиноси бахши иттилоотиву таҳлилии ҳукумати Қирғизистон ин иқдоми кишварашро зарурӣ меҳисобад ва ба гуфтаи ӯ, вақтҳои ахир дараҷаи истифодаи шабонарӯзии нерӯи барқ дар кишвар то ба 60 миллион киловатт дар як соат расид. Оқои Ҳайдарқулов таъйид кард, дар мулоқоте, ки дар Бишкек байни ҳайъатҳои ду кишвар доир гардид, ҷониби Кирғизистон ризоият дод, ки ҳаҷми истифодаи оби обанбори Тухтагулро то 650 метри мукааб коҳиш диҳад. Вале ба ивазаш аз Қазоқистон хостори ёрӣ барои ҳалли мушкилоти энергетикӣ шуд.

Аз ҷумла, Кубаничбек Ҷумъалиев - муовини аввали нахуствазири Қирғизистон изҳор кардааст, алъон ҷиҳати пойин бурдани истифодаи об, ки ҳамзамон мунҷар ба коҳиши нерӯи барқ мегардад, кишвараш ба содироти иловагии 100 ҳазор тонна ангишт, 10 ҳазор тонна мум ва 25 миллион метри мукааб газ аз Қазоқистон ниёз дорад.
Ҷониби Қазоқистон ба гуфтаи Нуркен Мусуралӣ - раҳбари бахши муносиботи байналмилалии Кумитаи захоири оби Қазоқистон кишвараш ризоият додаст, ки ба Қирғизистон ба миқдори 20 ҳазор метри мукааб газ ва миқдори муайяни ангишт интиқол диҳад. Вале коршиносон бар онанд, ки мулоқоти аввали Бишкек масъалаи танзими оби рӯдхонаи Сир, аз ҷумла истифодаи оби обанбори Тухтагулро пурра ҳал накардааст ва музокирот боз идома хоҳад ёфт. Ба дунболи Бишкек ҳайъати Қазоқистон хостори идомаи мулоқот бо Тошканд шуд. Таври маълум чҷниби Қазоқистон мехост, ҳангоми аз меъёр зиёд шудани оби обанбори Чордара, миқдори муайяни обро ба обанбори Арнасойи Узбакистон ҷорӣ намояд. Ҷониби Узбакистон бошад, тавре ки Нурлан Мусуралӣ иттилоъ дод, бо баёни он ки алъон дар кишвар кобинаи нави ҳукумат дар ҳоли таъсисёбист, ҳайъати Қазоқистонро напазируфт.

Тибқи иттилои хабаргузориҳо акнун ба музокирот Дониел Аҳмадов - нахуствазири Қазоқистон ҳамроҳ шуданист ва интизор меравад, рӯзҳои наздик мулоқоти намояндагони ҳукуматҳои Узбакистону Қазокистон дар Тошканд доир гардад. Алъон бошад, дар ағлаби манотиқи Қазоқистони ҷанубӣ дар ҷойҳои яхбастаи рӯди Сир корҳои таркондан ва об кардани ях идома дорад то бад-ин васила аз обхезиву сел ҷилавгирӣ ба амал ояд. Ҳамчунин ба гуфтаи Ғайрат Тарбаев, корҳои мустаҳкамкунии соҳили рӯди Сир ҷараён дорад. Дар ҳамин ҳол коршиносон, аз ҷумла Нуркен Мусуралӣ бар он аст, ки роҳи ҳалли мушкилот ва танзими об дар Қазоқистон пойинтари обанбори Чордара бунёд кардани обанбори эҳтиётии нав аст. Алъон дар ин маврид ҳукумат чанд тарҳеро баррасӣ менамояд. Сохтмони обанбори нав, ки анқариб 200 миллион доллар маблағ металабад, ба таъйиди коршиносон метавонад, дар масъалаи об Қазоқистонро аз вобастагӣ ба Қирғизистону Узбакистон раҳо карда, хатари обхезиву сел ва зери об мондани киштзору маҳалҳои истиқоматиро дар ин кишвар коҳиш диҳад.
XS
SM
MD
LG