Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як тифл бар асари барфрезии зиёд


Дар ноҳияи Ҷиргатол 250-километрии шарқи пойтахти Тоҷикистон ҷасади кӯдаки шашсола Изатулло Узбеков ёфт шуд, ки бар асари фӯру рехтани боми хона кушта шудааст ва вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон мегӯяд, ӯ қурбонии ёздаҳумини барфбориҳо ва тармаҳои ахир дар навоҳии кӯҳистонии кишвар аст.
Сироҷиддин Муллоев - сардори раёсати вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон дар робита ба ин ҳодиса ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асари боришоти барфи зиёд ва тармафароӣ ҳамчунин дар деҳаи Муҷахарфи ноҳияи Нуробод 18 хона ва дар деҳаҳои ноҳияи Файзобод 27 хона ва дар ноҳияи Шӯрообод 4 манзили истиқоматӣ ва 2 иншооти маъмурӣ хароб шудаанд. Ба гуфтаи вазорати ҳолатҳои фавқулодда, рафъи оқибати барфбориҳо дар ҷамоатҳои Сағирдашт ва Зиғари ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон идома дорад ва субҳи панҷшанбе чархболи ин вазорат ҳомили кӯмакҳои имдодӣ дар ноҳияи Дарвоз фуруд омадааст.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG