Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нақши расонаҳои давлатии Тоҷикистон дар интихобот


Ин мусиқиву пораҳои Қонуни интихоботи Тоҷикистонро аз нимаи аввали моҳи январ Телевизиони давлатии Тоҷикистон ҳамарӯза пахш карда ва аз наздикоии рӯзи баргузории интихоботи парламентӣ дар кишвар хабар медиҳад. Бо эъломи рӯзи баргузории интихоботи парламентӣ телевизиони тоҷик ба манзури инъикоси ҳамаҷонибаи раванди баргузории маъракаи интихоботӣ дар саросари кишвар як ситоди махсус бо номи "Интихобот-2005" таъсис додааст. Асадулло Раҳмонов - мудири барномаҳои телевизиони тоҷик гуфт, дар барномаҳои иттилоотӣ ва сойири барномаҳои сиёсии телевизион бо ширкати масъулини комиссияи интихоботӣ аз марказ ва аз навоҳии кишвар, масъулини аҳзоби сиёсӣ масоили марбут ба интихоботи парлумонӣ мавриди баҳс қарор мегирад.

Ба ин ҷумлаи сабз панҷа занед ва шарҳи Асадулло Раҳмоновро бишнавед.

Оқои Раҳмонов ҳамчунин гуфт, бо Ҳизби Наҳзати Исломӣ ва Ҳизби Демократи Тоҷикистон ҷиҳати таблиғи барномаҳои интихоботӣ тавассути телевизиони давлатӣ мувофиқа ҳосил шуда ва сабти сӯҳбати телевизионии нахустин номзади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҳавзаи Рашт ба анҷом расидааст. Масъулини радиои Тоҷикистон низ гуфтанд, тайи ду моҳи ахир масоили вобаста ба интихоботи парлумонӣ пайваста дар гуфторҳои ин расонаи хабарӣ инъикос мешаванд ва аз гузоришҳои муҳими он мебошанд. Амон Одилов - сармуҳаррири идораи барномаҳои сиёсиву байналмилалии Радиои Тоҷикистон гуфт, ҷиҳати инъикоси густурдаи маъракаҳои интихоботӣ ва огаҳии бештари раъйдиҳанда аз Қонуни интихобот як барномаи вижае таҳти унвони «Гуногунандешӣ - рукни давлати демократӣ» аз оғози соли ҷорӣ таҳия ва пахш мешавад.

Гуфтаҳои Амон Одилов ин ҷост.

Сармуҳаррири идораи барномаҳои сиёсиву байналмилалии Радиои Тоҷикистон таъкид кард, ки ҳангоми муаррифии барнома ва сӯҳбати аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳо ба мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон тавассути минбари радио муқаррароти Комиссияи марказии интихобот комилан риоят мешавад ва барои ҳеҷ як созмони сиёсӣ дар истифода аз вақти барномаи радиоӣ имтиёз дода нахоҳад шуд. Ҳамзамон бо расонаҳои савтиву тасвирии давлатӣ Оҷонси миллии иттилоотии Ховар органи иттилоотии давлатии Тоҷикистон низ аз ҷараёни баргузории маъракаи интихоботӣ аз навоҳӣ ва вилоёти кишвар, аз ҷумла роҷеъ ба омодагии марокизи раъйдиҳӣ, комиссияҳои ҳавзавӣ, аз дидори масъулини Комиссияи марказии интихобот бо намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ҷомеаро созад. Зафар Саидов- раиси хабаргузории давлатии "Ховар" гуфт, дар назди Комиссияи марказии интихобот намояндагии ин оҷонсӣ оғоз ба кор карда, аз ахбори тоза то анҷоми интихобот мардумро дар ҷараён мегузорад.

Агарчӣ масъулини васоити ахбори давлатӣ фаъолияти худ дар инъикоси раванди маъракаҳои интихоботиро мунсифона ва дар доираи муқаррарот арзёбӣ мекунанд, бархе номзадҳо ба вакилии парлумон аз аҳзоби мухолифи давлат мӯътақиданд, тасвири ин маърака дар барномаҳои телевизионӣ зери назорати мақомот сурат мегирад. Мамлакат Ҷайҷиева - узви раёсати Ҳизби Демократи Тоҷикистон мегӯяд, радио ва телевизиони кишвар таҳти таъсири шадиди давлат қарор дошта, дар аксаран манофеи ҳизби ҳокимро пуштибонӣ мекунад.

Мамлакат Ҷайчиеваро низ бишнавед.

Ҳикматулло Сайфуллозода - раҳбари дастгоҳи Ҳизби Наҳзати Исломӣ ва номзад ба мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон нақш ва таъсири матбуот ва махсусан телевизионро дар ҷараёни корзори интихоботӣ хеле боаҳамият хонд, вале гуфт, сӣ дақиқаи вақти эфирӣ ба аҳзоб ва понздаҳ дақиқа ба довталабон ҷиҳати муаррифии барномаҳои онҳо кофӣ нест.

Андешаҳои Ҳикматулло Сайфуллозода зери ин ҷумлаи сабз аст.

Дар ҳоли ҳозир як шабакаи мустақили телевизионии мавсум ба Сомониён, як барномаи махсуси мунозиравӣ бо ширкати номзадҳои мустақил ва аҳзоби сиёсиро дар пойтахт ва бархе аз навоҳии атрофии пешкаши тамошобин мекунад. Инчунин радиоҳои мустақили "Азия-Плюс" ва "Русский Радио-Ориёно", ки рӯи амвоҷи FM пахш мешаванд, дар барномаҳои худ масоили интихоботро бо намояндагони шаш ҳизби сиёсӣ, номзадҳои мустақил ва масъулини интихобот мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
XS
SM
MD
LG