Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси сабти ном нашудани номзадҳои Ҳизби Сотсиал-Демократ


Комиссияи ҳавзавии ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд мегӯяд, 8 узви Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистонро барои он ҳамчун номзад ба вакилии маҷлисҳои маҳаллӣ сабти ном накардааст, ки дар оғоз ва анҷоми конфронси бахши ноҳиявии ин ҳизб суруди миллии Тоҷикистон садо надодааст.
Сотсиал - демократҳо ин далели комиссияи ноҳиявиро ғайриқонунӣ хонда, ҷиҳати бозбинии қазия ба додгоҳ муроҷиат кардаанд. Мавлон Бойтемиров - сарвари комиссияи интихоботии ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин бора гуфт, вақти баргузории коференсияи пешбарии номзадҳои ҳизб суруди миллии Тоҷикистон иҷро нашудааст ва илова бар ин комиссияи мандатӣ низ дар конференсия ташкил нашудааст.
Вале Низомидин Бекматов - сарвари бахши Ҳизби Сотсиал - Демократ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов далелҳои комиссияи интихоботии ноҳияи ба номи Ҷаббор Расуловро ғайриқонунӣ ва танҳо баҳонаҷӯӣ барои роҳ надодани номзадҳои ин ҳизб ба интихоботи маҷлиси ноҳиявӣ медонад.
Ӯ мегӯяд, дар Қонуни интихобот ва Қонун дар бораи ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон сурудани суруди миллӣ дар конфронсҳои ҳизбӣ пешбинӣ нашудааст. Ҳамчунин, дар Қонуни интихоботи Тоҷикистон дар бораи таъсиси комиссияҳои мандатӣ дар конфронсҳои пешбарӣ чизе гуфта нашудааст.
Низомиддин Бекматов афзуд, онҳо хулосаи комиссияи ноҳиявиро дар бораи сабти ном нашудани номзадҳо ғайриқонунӣ меҳисобанд ва ба ин хотир ба додгоҳ муроҷиат кардаанд. Ба қавли ӯ, додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов гуфтааст, ба зудӣ аризаи шикоятии онҳоро мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, ноҳияи Ҷаббор Расулов
XS
SM
MD
LG