Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таъсиси мактаби нави экологӣ дар Тоҷикистон


Дар шаҳри Хуҷанд мактаби нави улуми экологӣ ё зистмуҳитӣ таъсис ёфт. Ин мактаб аслан барои ононест, ки мехоҳанд, роҷеъ ба ҳифзи муҳити зист, табиати кишвар ва ҷилавгирӣ аз офатҳои табиӣ маълумоти бештар дошта бошанд. Мактаб бо ташаббуси созмони ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист» ва маблағгузории Шӯрои тадқиқот ва табодули байналмилалӣ таъсис ёфтааст. Маркази омӯзишӣ ҳадаф дорад, аз ҳисоби ҷавонон дар самти истифодабарии оқилонаи сарватҳои табиӣ ва муҳофизати муҳити зист, омӯзгорони улуми муҳити зистро омода кунанд.
Темур Идрисов раҳбари барномаҳои созмони муҳитзистии «Барои замин» мегӯяд, имрӯз мушкилоти ҷиддие ба монанди тағйири иқлим, зиёд шудани газҳои заҳролуд дар ҳаво, кам шудани дарахтон ба табиат таҳдид мекунанд ва ин зарурати таълими ҳифзу нигаҳдории табиат ва ҷилавгирӣ аз мушкилоти мазкурро ба миён овардааст: "Рӯшан аст, ки аз солҳои 40-ум дар Тоҷикистон бо суръат обшавии пиряхҳо мушоҳида мешаванд ва ташвиши олимони соҳа дар он аст, ки агар вазъ бетағйир боқӣ монад, норасоии шадиди об ба аҳолии Осиёи Миёна таҳдид мекунад. Тағйир ёфтани иқлимро мутахасисон ба он вобаста медонанд, ки ифлосшавии фазо дар натиҷаи истеҳсолот, ҳаракати нақлиёт ва сӯзонидани ҳаргуна ашёҳои гуногун медонанд, ки ба гармшавии саросарӣ мусоидат мекунанд."
Гузашта аз ин мегӯяд Темур Идрисов, Тоҷикистон кишварест, ки дар минтақаи зилзилахез қарор дорад, ки дар он имкони вуқӯи заминларзаи бо нерӯи 9 балли Рихтер вуҷуд дорад. Аммо мегӯяд Темур Идрисов ҷавонони тоҷик на танҳо дар бораи муҳити зист, балки дар бораи қоидаҳои оддитарини рафтор ҳангоми ҳолатҳои фавқулода қариб чизеро намедонанд. Яке аз ҷавонони мусоҳиби мо мегӯяд: «Агар гӯйӣ, ки мо худро аз ин балоҳо муҳофизат кунем, ин кори худо аст. Дар тақдират чизе, ки бошад ҳамонро мебинӣ. Ҷойи гурез нест.»
Темур Идрисов мегӯяд, худо накунад ва зилзилаҳои шадид дар Тоҷикистон ба вуқӯъ напайвандад, вале агар Худо нохоста замин биларзад, шахс нахуст бояд ба воҳима наафтад ва агар дар хонаи баландошёна бошад, ба берун фирор накунад. Зеро дар хонаҳои баландошёна аввал зинапояҳо хароб мешаванд. Машварат дода мешавад, ки дар кунҷи мустаҳками ҳуҷраҳо панаҳ бояд шуд, то ин ки ашёҳои сахту мебелҳои вазнин ба болои инсон наафтанд. Ба ҳангоми сел ва ё обхезӣ, ки дар Тоҷикистон зиёд ба вуқӯъ мепайвандад, ба ҷойи баландӣ фирор кардан тавсия дода мешавад.
XS
SM
MD
LG