Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши нахустин доир ба қонуншиканиҳо дар маъракаи интихоботӣ


Латифи Ҳадязода - раиси Маркази ҷамъиятии мушоҳида ва назорат ба интихобот зимни як нишасти хабарӣ нахустин гузориши ин ҷамъият аз ҷараёни рақобатҳои интихоботӣ ва қонуншиканиҳо дар ин заминаро ироа кард, ки маҳсули як ҳафтаи мушоҳидаи маъракаҳои интихоботӣ аст ва тавассути ҳамкории ситодҳои интихоботии аҳзоб таҳия шудааст. Оқои Ҳадязода ба чанд маврид нақзи қонун аз ҷониби намояндагони бархе аҳзоб, аз ҷумла, истифодаи моликияти давлатӣ ба манзури таблиғот, сабти ном нашудани аҳзоб, фишор ба комиссияҳои интихоботӣ ва фароҳам накардани шароити мусовӣ барои аҳзоб ишора кард: "Номзадҳои Ҳизби коммунист дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ иддао карданд, ки рақиби онҳо аз Ҳизби халқӣ-демократӣ ҳангоми тарғиби худ аз нақлиёти ҳукуматӣ истифода мебарад."
Аммо Абдураҳмон Абдуманнонов сухангӯи Комиссияи марказии интихобот мегӯяд: "Гузориш умумӣ аст ва номи номзадҳое, ки аз моликияти ҳукуматӣ истифода бурдаанд, нест, то мо ба онҳо муроҷиат кунем, ки ин корро накунанд."
Оқои Абдуманонов ҳамчунин гуфт, шикояти аъзои Ҳизби сотсиал-демократ дар ноҳияи Ашт дар мавриди он ки гӯё аз онҳо дархост шуда бошад, ба варақаҳои холӣ имзо гузоранд ва ин варақаҳо гӯё суратнависи натиҷаи раъйдиҳии рӯзи 27-уми феврал будааст, асос надорад.
Бино ба гузориши Оқои Ҳадязода, бисёре аз довталабон ва намояндагони аҳзоби сисёӣ бо баҳонаҳои мухталиф ва бидуди далели мушаххас сабти ном нашудаанд. Инчунин Комиссияи марказии интихобот дар таҳияи феҳристи интихобкунандагон низ ба даъвои бархе аз аҳзоб ба иштибоҳ, ё тақаллуб роҳ додааст. Раиси Маркази ҷамъиятии назорат бар интихобот гуфт, шумораи интихобкунандагон дар маҳалҳо нисбат ба он шуморае, ки Комиссияи марказии интихобот эълон кардааст, фарқи зиёд дорад. Аз ҷумла шумораи интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии Ванҷ 1350 нафар бештар аз омори расмии комиссия аст.
Дар ҳамин ҳол масъулини Ҳизби демократи Тоҷикистон низ мегӯянд, ба раванди таблиғоти интихоботии ин ҳизб бо усулҳои мухталиф муқобила мешавад. Оқои Салоҳиддин Холмуродов узви садорати Ҳизби демократ мегӯяд, варақаҳои таблиғотии ҳизб дар маҳаллот барчида шудааст. Бархе аз ҳизбҳо, аз ҷумла ҲСДТ дар мавриди нақзи қонун ба додситонӣ низ муроҷиат кардааст, ки вокуниши он то ҳол рӯшан нест.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG