Пайвандҳои дастрасӣ

Натиҷаи сабти номи довталабон ба вакилии парлумон дар Суғд


Бино ба хабари маркази иттилоъотии ҳукумати Суғд, аз 73 намояндаи аҳзоби сиёсӣ ва ғайриҳизбиёне, ки номзадии худро барои иштирок дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз 13 ҳавзаи вилояти Суғд гузошта буданд, 54 номзад сабти ном шудаанд. Номзадии 19 довталаби пешбаришуда аз ҷониби ҳавзаҳои вилоят рад шудааст. Ҳамин манбаъ мегӯяд, таносуби теъдоди номзадҳое, ки аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба интихоботи парлумонӣ роҳ ёфтаанд, ба ин тартиб аст. 26 номзад аз Ҳизби халқӣ - демократӣ, 9 тан аз Ҳизби коммунистӣ, 4 номзад аз Ҳизби сотсиалистӣ, 3 нафарӣ аз Ҳизбҳои сотсиал-демократӣ ва Наҳзати исломӣ ва 8 нафари дигар- ғайриҳизбӣ.
Дар маҷмӯъ то рӯзи 7 феврал, рӯзи ниҳоии пешбарии номзадҳо асноди 73 намояндаи аҳзоби сиёсӣ ва ғайриҳизбиён барои бақайдгирӣ ба ихтиёри комиссияҳои ҳавзаҳои интихоботии Суғд пешниҳод шуда буд. Комиссияҳои ҳавзаҳои Суғд ба далели ҷой доштани иштибоҳ дар асноди номзадҳо аз сабти номи 10 намояндаи Ҳизби халқӣ-демократӣ, 2 номзад аз Ҳизби коммунистӣ, 1 намояндаи сотсиал -демократҳо ва 6 нафари ғайриҳизбӣ худдорӣ кардаанд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG