Пайвандҳои дастрасӣ

Ситоиши доктор Абдулло аз ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон


Султони Ҳамад

Абдулло Абдулло вазири умури хориҷаи Афғонистон гуфт, Тоҷикистон ҳанӯз аз замони истиқлол ёфтанаш аз миллати Афғонистон ҳимоят мекард ва ҳар ду кишвар пас аз суқути режими Толибон дар роҳи таҳкими ҳамкориҳо гомҳои устувор гузоштанд. Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори Радиои Озодӣ дар Кобул, доктор Абдулло дидорҳои раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай аз Душанбе ва сафарҳои ҳайъатҳои олирутба ба кишварҳои ҳамдигар, имзои созишномаҳои мухталиф дар робита ба иқтисод, тиҷорат ва нақлиётро далели таҳкими ҳамкориҳои байни ду кишвари ҳамсоя номид.
Ӯ гуфт, Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамчунин дар роҳи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ҳамкорӣ доранд ва илова бар ин Тоҷикистон ба Афғонистон кӯмакҳои фаннӣ ваъда кардааст. Вазири умури хориҷаи Афғонистон афзуд, кишвараш бо дигар кишварҳои муштаракулманофеъ аз ҷумла Узбакистон ва Туркманистон равобити фавқуллода дӯстона барқарор карда ва барои тавсиаи равобит дар бисёр арсаҳо қадамҳои муаасир бардоштааст.
Султони Ҳамад, Кобул
Мусоҳибаи комили Абдулло Абдулло
XS
SM
MD
LG