Пайвандҳои дастрасӣ

Усулҳои ғайриоддии тарғиби номзадҳо дар Кӯлоб


Ҳафтаи гузашта ба шаҳри Кӯлоб гурӯҳи "Иқбол" омад. Ин гурӯҳи ҳунармандони маъруфи хуҷандӣ бо даъвати Абдукарим Неъматов раиси "Тоҷиксодиротбонк" ва номзад ба вакилии парлумон аз ҳавзаи интихоботии Кӯлоб ба мардум консерти ройгон тақдим кард. Дар маъракаи таблиғотии номзадҳо ҳар нафар усулҳои мухталифро ба кор мебарад. Исматулло Нусратов - раиси ҳавзаи интихоботии Кӯлоб мегӯяд, аксаран номзадҳо ҳангоми дидор бо мардум номзадҳо барномаҳои худро ба таври шифоҳӣ муаррифӣ мекунанд. Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, номзадҳо асосан имкониятҳои молии худро тарғиб мекунанд. Масалан агар Абдукарим Неъматов гурӯҳи "Иқбол"-ро барои баргузор намудани консерт даъват намуда бошад, пас номзади дигар Кенҷа Шарифов ба шаҳри Кӯлоб автобуси мусофирбари дуошёна овардааст, ки хеле тааҷҷубовар аст ва аз сӯи дигар ба гуфтаи Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ, таваҷҷӯҳи раъйдиҳандагонро низ ҷалб мекунад.
Сайёфи Мизроб, Кӯлоб

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG