Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аҳзоб аз музокираҳои телевизионӣ даст кашиданд


Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон рузи сешанбе эълом кард, ки ҳамаи шаш ҳизби сиёсии кишвар, ки дар интихоботи парлумонӣ ширкат хоҳанд кард, мехоҳанд, вақти таблиғи телевизионии худро дар ҳаҷми 30 дақиқа на ба шакли музокира, балки ба шакли таблиғи барномаҳои аҳзоби худ истифода кунанд.
Раҳматулло Валиев - муовини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин замина миёни аҳзоби сиёсии кишвар тавофуқ ҳосил шудааст. Вай афзуд, ҳизби онҳо ва Ҳизби сотсиал-демократ, ки барномаҳои мухталифи сиёсӣ доранд, мехоҳанд, ба хостаи худ барномаҳояшонро таблиғ кунанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳар ду ҳизб беҳтар медонанд, то дар ҳаҷми даҳ дақиқа рекламаи онҳо пахш шавад ва дар 20 дақиқаи боқимонда барномаҳои ҳизбҳо муаррифӣ гардад. Чунин тасмим ба он хотир гирифта шудааст, ки бар асари қатъи муттаасили нерӯи барқ дар манзилҳои сокинони кишвар имкони он вуҷуд дорад, ки ин музокираҳои телевизиониро мардум тамошо карда натавонад.
Хиромон Бақозода, Прага
XS
SM
MD
LG