Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нишасти Созмони Миллал барои ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон


Ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи кимиёвии лозим барои тавлиди ҳероин дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ мавзӯи аслии як нишасти омӯзишии панҷрӯза мебошад, ки бо кӯшиши Барномаи мубориза бо маводи мухаддири Созмони Миллал ва Пулиси криминалии Олмон дар пойтахти Тоҷикистон ба кор шурӯъ намуд. Дар ин нишаст мутахассисони ин ду ниҳод ба намояндагони вазоратҳои қудратии Тоҷикистон роҳҳои мубориза бо ҳамлу нақл ва қочоқи маводи кимиёвии зарурӣ барои тавлиди ҳероинро меомӯзанд.
Тибқи иттилои Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистон, то кунун дар ин кишвар ҳеҷ гуна маводи кимиёвии зарурӣ барои истеҳсоли ҳероин, истеҳсол нашудааст. Аммо Бобоҷони Шафеъ намояндаи дафтари матбуоти оҷонсии мазкур ба Радиои Озодӣ гуфт, эҳтимоли он, ки гурӯҳҳои қочоқбар барои интиқоли чунин мавод ба Афғонистон аз қаламрави кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон истифода кунанд, вуҷуд дорад.
Бобоҷони Шафеъ гуфт, дар Афғонистон низ чунин маводи кимиёвӣ тавлид намешавад ва қочоқбарон умдатан маводи зарурӣ барои тавлиди ҳероинро аз хориҷ ба Афғонистон ворид мекунанд.
Дар ҳамин ҳол тибқи иттилои расмӣ, ниҳодҳои муборизакунанда бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистон дар ду рӯзи ахир аз гурӯҳҳои қочоқбар дар шаҳри Душанбе пойтахти ин кишвар беш аз 150 кило ҳероин кашф ва мусодира кардаанд.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG