Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши шумораи қурбониёни тарма дар шарқи Тоҷикистон


Барфи зиёд ва сармои шадид дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам харобӣ меорад ва қурбон мекунад. Бино ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ дар ноҳияи Рашт, рӯзи якшанбе дар шоҳроҳи Душанбе-Ҷиргатол як мошини сабукрав ба иллати яхбандӣ аз роҳ берун шуда ва ба дарае сарозер рафтааст, ки дар натиҷа ду нафар сарниши он ба ҳалокат расидаанд. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, ду тани дигари онҳо ҷароҳатҳои вазнин бардошта ва ба бемористон интиқол дода шудаанд. Ҳамчунин рӯзи якшанбе як сокини 18-солаи ноҳияи Рашт зери барфу тарма монда ҷон додааст ва сокини дигари ноҳия ҷароҳат бардоштааст. Ҷамила Тиллоева корманди Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, нафари дуввумро, маъмурони имдодӣ аз зери барфу харобаҳои хона берун овардаанд.
Дар ҳамин ҳол муовини вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон Абдураҳим Раҷабов мегӯяд, ки ҳавфи фаромадани тарма дар деҳоти навоҳии шарқи кишвар ҳанӯз ҳам аз байн нарафтааст ва маъмурони имдодӣ беш аз панҷ ҳазор сокинони деҳоти ин манотиқро ба ҷойҳои бехатар интиқол додаанд. Ба гуфтаи Абдураҳим Раҷабов, ин мардум дар мактабу масоҷид ва дигар муассисаҳои ҷамъиятӣ ҷойгир шудаанд. Кормандони вазорати ҳолатҳои фавқуллода ҳамчунин мошинҳоеро, ки дар роҳи Душанбе-Хоруғ дармонда буданд, аз доми барф берун оварда ба мусофирони онҳо кӯмакҳои ғизоӣ расонидаанд
Муовини вазири ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон гуфт, зиёни расонидаи барфрезиш ва тармаҳо зиёд аст, аз ҷумла дар ноҳияи Файзобод 27 хона хароб шуда, сокинони онҳо бесарпаноҳ мондаанд. Дар ноҳияи Нуробод 18 хона зери барф монда аст. То кунун дар натиҷаи тарма ва барфрезиши зиёд 10 нафар ҳалок ва 4 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Вазорати ҳолатҳои фавқуллода мегӯяд, то кунун ҳаҷми умумии хисороти ворида ба иқтисодиёти кишварро мушаххас накардааст.
Маҳмуди Шодӣ, Рашт
Искандари Хоҷа Мирзода, Прага
XS
SM
MD
LG