Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон: "Дар андешаи амалӣ кардани ормонҳои пешина"


Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон бо фурӯпошии низоми Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1990 ҳамчунон ҳизби ягона дар кишвар фаъолият мекард. Зеро ҳанӯз ҳизби дигаре сабти ном нашуда буд ва Ҳизби наҳзати ислом дар ин вақт дар хориҷи кишвар амал менамуд. Раиси Ҳизби коммунист президенти нахустини Тоҷикистон собиқ раиси котиби марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов буд. Бо фурӯпошии шӯравӣ созмони марказии Ҳизби коммунист барҳам хӯрд ва моҳи майи соли 1990 дар вазорати адлияи Тоҷикистон Ҳизби коммунисти ин кишвар дуввумбора сабти ном шуд. Як соли баъд дар моҳи январи соли 1991 Ҳизби комуннист анҷумани 23-уми худро баргузор намуд ва дар ин анҷуман яке аз чеҳраҳои шинохтаи ҳизб Шодӣ Шабдолов раиси он интихоб шуд. Шодӣ Шабдолов, ки феълан раиси фраксияи ин ҳизб дар парлумони Тоҷикистон аст, мегӯяд бо тағйир хӯрдани низоми коммунистӣ барномаи ҳизб дигаргун нашуда ва ҳадафи ҳизб ҳамоно эъмори низоми сотсиалистӣ ва дифои ҳуқуқи синфи коргару деҳқон мебошад.
Оқои Шабдолов мегӯяд ин ҳадаф аз бахши асосии барномаҳои пешазинтихоботиии ҳизб аст: "Мо роҳи худро ба сӯи ҷамъияти социалистӣ, ба ҷамъияте, ки дар он ҷо мавқеи давлат, мудирият, давлат, нерӯ дошта бошад, мебарем, албатта мавзӯи хусусигардонӣ ҳам дар он ҷамъият бошад, вале ҳадафмандона ва боманфиат бошад."
Соли 1994 дар нахустин интихоботи раёсати ҷумҳур дар Тоҷикистон Ҳизби коммунист ба унвони як нерӯи бонуфузи сиёсӣ ширкат намуд ва аз ду номзад Эмомалӣ Раҳмонов ва Абдумалик Абдуллоҷонов Эмомалӣ Раҳмоновро пуштибонӣ кард.
Намояндаи Ҳизби комуннист Искандар Қаландаров аз ин маъракаи интихоботӣ чунин ёдоварӣ мекунад: "Дар интихоботи гузаштаи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мо аз номзадии Эмомалӣ Раҳмонов пуштибонӣ кардем. Худи ҳизб номзад пешбарӣ накард." Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бори севвум дар моҳи январи соли 1996 сабти ном шуд ва дар ин сол Ҳизби халқӣ-демократӣ вориди саҳнаи сиёсии кишвар гардид. Баъд аз он ки президент Эмомалӣ Раҳмонов раиси ин ҳизб интихоб шуд, Ҳизби коммунист мавқеи пешинаи худро ба тадриҷ аз даст дод ва оҳиста-оҳиста ҷои онро Ҳизби халқӣ-демократӣ гирифт.
Ҳизби Комуннисти Тоҷикистон, ки ҳоло 55 ҳазор аъзо дорад, соли соли 2000-ум барои ворид шудан ба парлумон мубориза бурд ва баъди Ҳизби халқӣ-демократӣ курсиҳои бештарро дар Маҷлиси Намояндагон соҳиб шуд. Дар палатаи поёнии парлумони ҳозира танҳо Ҳизби коммунист ва халқӣ-демократӣ фраксия доданд.
Акнун Ҳизби коммунист ба интихоботи қарибулвуқӯъи порлумонӣ омодагӣ дорад. Раиси ҳизб Шодӣ Шабдолов мегӯяд, агар интихобот демократӣ ва мунсифона баргузор шавад, шумораи коммунистҳо дар порлумони оянда хоҳад афзуд. Вай меафзояд, Ҳизби коммунист ҷонибдорӣ бисёрҳизбӣ дар порлумон мебошад: "Натиҷаи порлумон ин нест, ки як ҳизб сад дар сад раъйро пурра ба даст гирад. Ҳатто ҳизби ҳоким, Ҳизби халқӣ-демократӣ ҳам бо истифодаи тамоми имконоти худ наметавонад, тамоми раъйи мардумро соҳиб шавад. Ҳизбҳои дигар ҳам нуфуз ва тарафдор доранд, аз ҷумла Ҳизби коммунистӣ."
Ҳизби коммунист ба ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ 9 номзади худро пешниҳод кардааст, ки чеҳраҳои маъруф дар миёни онҳо Шодӣ Шабдолов - раиси ҳизб, Рафиқа Мӯсоева - собиқ вазири кор ва дигарон мебошанд. Дар ҳавзаҳои инфиродӣ 13 номзади ин ҳизб барои соҳиб шудан ба курсиҳои Маҷлиси Намояндагон талош мекунанд.
Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон: Саъй барои ишғоли тамоми курсиҳои парлумон
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон: Ҳаракати тундтар ба сӯи парлумон
Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон: Имконияти пас аз солҳо ба даст омада
XS
SM
MD
LG