Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Майли ками мардуми Қӯрғонтеппа барои ширкат дар интихобот


Қӯрғонтеппа

Сафиямоҳ Раҷабова, як хонуми бознишаста аз ноҳияи Ҷилликӯли вилояти Хатлон, ки 70 сол дорад, изҳор дошт, ҳеҷ майли ширкат дар интихоботи қарибулвқӯъи парлумони Тоҷикистон надорад. Ба гуфтаи ин хонум, агар ӯ бо иллати бознишастагӣ ва мушкилоти дастрасӣ ба манобеи иттилоърасонӣ, ба ҷумлаи радио, телевизион ва рӯзномаҳо аз ҷараёни ин маъракаи сиёсии кишвар ғофил мондааст, вале аз сӯи дигар аслан намехоҳад, дар интихобот ширкат намояд.
Ӯ мегӯяд, солҳои ахир номзадҳо ба вакилии мардум дар парлумон ба ӯ ҳатто ваъдаи кӯмаки ғизо ва ё либосвориро ҳам намекардаанд: "Бачам намедонум, интихобот чияйю кай аст. На газитай, на свет дорем на ягон гапа мешунавем, ман газита хонда натонум, нафаҳмум, аз даҳони ҳар кас мешунавем дар бораи интихобот. Солои аввал депутато ваъда мекардан ягон чиз пенсионерора. Каму беш ба ваъдаҳошон вафо ҳам мекарданд, имсоло боша ваъдаам намекунанд, ки бгем ваъдамон карданд."

Аммо дар ҳар сурат ин нобоварии хонум Раҷабоваро таъкидҳои Сайвалӣ Нуров, як номзад дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон, аз ҳавзаи инфиродии Вахш зимни мулоқоти худ бо раъйдиҳандагон таъйид мекунад: "Ман ба мардум ҳангоми сӯҳбатҳо муроҷиат мекунам, ки ман номзад ба вакилии Маҷлиси Намояндагон ҳастам ва ман ба шумо на хати водопровод, на равған ва ягон чизи дигар дода наметавонам. Ман фақат аз ҷиҳати қарор ва қонун метавонам, ба шумо кӯмак расонам."
Ва ин дар ҳолест, ки мулоқоти номзадҳо бо мардум, ки зимнан усули маъмултарини маъракаи таблиғотии муддаиёни курсиҳои палумон дар ҷануби кишвар муаррифӣ мешавад, хонум Раҷабоваи бознишастаро натавонистааст, ба масъулияти раъйдиҳӣ дар интихобот водор созад.

Вале дар ҳамин ҳол Сурайё Шарипова, як сокини 30-солаи ноҳияи Вахш аз мулоқоти таблиғии номзади Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон бо мардуми ноҳия огаҳӣ пайдо кардааст, ки дар кишвар маъракаи омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ ҷараён дорад. Ӯ ба суоли мо дар мавриди бо кадом иллат натавонистаст, аз тариқи расонаҳои хабарӣ дар бораи чунин як маъракаи муҳими сиёсии кишвар огаҳ шавад, бо суол посух дод ва гуфт: "Шавҳарам барои рафъи мушкилоти иқтисодии оила дар Русия мардикорӣ дорад. Худам баъзан барои кӯдакон ҳатто қаламу дафтар харидорӣ карда наметавонам, чӣ гуна бояд чанд пули бо заҳмат дарёфткардаамро харҷи рӯзнома созам?" Ӯ меафзояд, танҳо аз ҳамсояҳояш ва такопӯи раиси маҳаллаашон фаҳмидааст, ки ба наздики интихобот аст, аммо ӯ намедонад, ки чӣ гуна интихобот.

Бо вуҷуди ин ҳама ба эътиқоди Ҷаллолиддин Ҳомидов, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, вазъи омодагии мардум дар интихоботи феълӣ чанд дар сад боло аз солҳои қаблӣ аст. Зеро ба гуфтаи ӯ, созмонҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатии дохилӣ дар бештарин манотиқи Тоҷикистон, аз ҷумла Хатлон қабл аз шурӯъи маъракаи интихоботӣ, бо баргузории нишасту мулоқотҳои вижа, ҳамчунин пахши матолиб ба воситаи расонаҳои хабарӣ, ҷиҳати огаҳии мардум дар мавриди интихоботи парлумонии кишвар саҳм гирифтаанд.

Ин ҷумлаи сабзро клик кунед ва Ҷаллолиддин Ҳомидовро бишнавед.

Агарчӣ оқои Ҳомидов, мутмаин аст, ки интихобот озодонаву шаффоф баргузор мегардад, аммо Савригул Аҳмадова, сокини дигари шаҳри Қӯрғонтеппа бовар надорад, ки интихоботи қарибулвуқӯи парлумонии Тоҷикистон шаффоф ва мутобиқ ба меъёрҳои демократия баргузор шавад. Зеро ба эътиқоди ӯ дар интихоботҳои қаблӣ низ аз демократияву шаффофият сӯҳбатҳо мешуд, вале дар интихоботи гузашта аз сӯи ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ нақзи ҳуқуқи раъйдиҳандагон ва ҳамчунин аҳзоби сиёсии кишвар сурат гирифта буд.

Интиқодоти Савригул Қурбонова

Ва дар ҳамин ҳол ҳудуди 30 нафар номзадҳо ба вакилии Маҷлиси Намояндагон ва 6 ҳизби сиёсӣ дар минтақаи Қӯрғонтеппаи Хатлон таблиғи худро барои ба даст овардани раъйи бештари мардум шурӯъ кардаанд ва феълан ҳар кадом бовар доранд, ки дар интихобот теъдоди бештари раъйдиҳандагон аз онҳо пуштибонӣ хоҳанд намуд.
XS
SM
MD
LG