Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарзияҳои нашрияҳои Душанбе дар робита ба таркиш дар назди вазорати ҳолатҳои фавқуллода


ТАНҚИДИ "ТОҶИКИСТОН" АЗ РАСОНАҲОИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН
Нашрияҳои чопи Душанбе ин ҳафта ба вуқӯъи инфиҷор дар назди вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон ва ҳамчунин сӯхтори мармуз дар дохили бинои аслии вазорати амнияти ин кишварро таваҷҷӯҳ кардаанд. Аз ҷумла, нашрияи «Тоҷикистон» бо ишора ба таъсири ин ду ҳодиса ба ҷомеа навиштааст, агар инъикоси сареъи мавзӯъ тариқи радиоҳои хориҷӣ ва ғайридавлатиро истисно шавад, аз рӯи маълумоти садову симо ва расонаҳои давлатӣ метавон чунин натиҷагирӣ намуд, ки дар шаҳри Душанбе ҳафтаи гузашта ҳодисаи ғайимуқаррарие иттифоқ наафтодааст.
Муаллифи матлаби "Тоҷикистон" бо интиқод аз бархӯрди садову симои давлатӣ ба мавзӯъ навиштааст, ин ҳама дар ҳоле ба мушоҳида мерасад, ки мардум ба далели надоштани дастрасӣ ба иттилооти саҳеҳ дар манотиқу навоҳии кишвар дар остонаи интихоботи қарибулвуқӯъи порлумонӣ аз вазъи амниятии хеш эҳсоси нигаронӣ менамояд. Муаллиф афзудааст, ки телевизион ва радиои давлатии Тоҷикистон метавонистанд, бо пахши ахбори таъҷилии саҳеҳу мукаммал ва ё аққалан ташкили як мизи мудаввар бо ширкати намояндагони мақомоти қудратӣ нигарониҳои мардумро фӯру нишонда онҳоро аз гирдоби тарс вораҳонанд.

ФАРЗИЯИ "ЗИНДАГӢ" ДАР РОБИТА БА ТАРКИШ ДАР ДУШАНБЕ
Нашрияи вижаи ҷавонон "Зиндагӣ" дар робита ба таркиши мошини ГАЗ-24 ва сӯхтор дар дохили бинои вазорати амният навиштааст, ки чунин ҳолати фавқуллодаи изтиробангез зарфи панҷ соли охир дар шаҳри Душанбе рух надода буд. "Зиндагӣ" бо мурур ба панҷ соли ахири Тоҷикистон нигоштааст, ки маҳз чунин таркишҳо панҷсол қабл дар остонаи интихоботи порлумонии моҳи феврали соли 2000-ум дар пойтахт роҳандозӣ шуда буданд. Дар пайи яке аз ин таркишҳо дар шаҳри Душанбе як мусофирбар ба шумули 30 нафар мусофир мунфаҷир гардид, ки тақрибан ҳамаи мусофирон дар он ҳодиса ҷони худро аз даст дода буданд. Инфиҷори дигар боиси ҳалокати Шамсулло Ҷобиров - муовини вазири амнияти Тоҷикистон ва ҷароҳат бардоштани шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев шуда буд. Нашрия бо таваҷҷӯҳ ба ин инфиҷорҳо, тахмин мекунад, ки ҳаводиси ахири Душанбе низ иқдоми тарҳрезишудаест, ки бо ҳадафи эҷоди ноамнӣ дар остонаи интихоботи Тоҷикистон пиёда шудааст.

ТАХМИНИ "АЗИЯ-ПЛЮС" ДОИР БА ТАРКИШ ДАР ДУШАНБЕ

Нашрияи «Азия-Плюс» инфиҷори ахири пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанберо дар пасманзари суханрониии интиқодомези президент Раҳмонов зимни мулоқот бо кормандони мақомоти ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ва ҳамчунин ҷаласаи ахири васеъи ҳукумати ин кишвар баррасӣ гирифтааст. «Азия-Плюс» менависад, эҳтимол дорад, гурӯҳҳои муайяни аз мақом барканор шуда, бо ташкили як чунин иқдом ба истилоҳ "паём доданд", ки ҳанӯз тавоноии онро доранд, ки ба вазъи амниятӣ таъсир расонанд.
XS
SM
MD
LG