Пайвандҳои дастрасӣ

Генерал Зиёев таркишро сӯиқасд ба ҷони худ хонд


Генерал Мирзо Зиёев - вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон таркиши ахир дар пойтахти кишварро, ки бо марги як нафар ва захмӣ шудани чаҳор сокини Душанбе анҷомид, сӯиқасд ба ҷони худ ҳисобид. Ин таркиш, ки дар рӯ ба рӯи утоқи кории Мирзо Зиёев ва се метр дуртар аз бинои вазорати ҳолатҳои фавқуллода рух дод, ба гуфтаи Мирзо Зиёев замоне сурат гирифт, ки ӯ дар утоқи кориаш нишаста буд.
Генерал Мирзо Зиёев афзуд, ҳодиса ҳанӯз аз тарафи гурӯҳи махсуси иборат аз намояндагони вазорати амният, умури дохила ва вазорати изтирорӣ таҳқиқ мешавад, аммо ӯ ба ин бовар аст, ки таркиш қасде ба ҷони вай будааст. Мирзо Зиёев аз гуфтани ҷузъиёти дигари ҳодиса худдорӣ кард ва гуфт, мунтазири натиҷаи таҳқиқоти гурӯҳи ҷустуҷӯии вазоратҳои қудратӣ мебошад.
Дафтари матбуоти вазорати амнияти Тоҷикистон ин хабарро, ки инфиҷор сӯиқасд ба ҷони вазири ҳолатҳои фавқуллода Зиёев аст, таъйид ва ё такзиб накард. Узви гурӯҳи ҷустуҷӯӣ генерал Маҳмадулло Ҳалимов гуфт, то замони анҷоми таҳқиқот наметавон гуфт, ки инфиҷор алайҳи кӣ равона шудааст. Таркиш дар назди вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон субҳи 31 январ дар як мошини тамғаи Волга рух дод ва дар ин ҳодиса ронандаи мошин кушта ва чаҳор нафари дигар захмӣ шуд.
Гузориши комилро дар Маҷаллаи хабарии Радиои Озодӣ соати 19:00 ба вақти Душанбе бишнавед.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG